Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Услуби имрӯзаи ҳукуматдорӣ чӣ корманд, ниҳоят, чӣ шахсиятест Темур Шавкат. Охир, дар паҳлуи Бароталӣ Олимов барин роҳбари аз ҳар ҷиҳат пухта, арбоби рамузфаҳми давлат, яке аз мавридшиностарин вакилони Маҷлиси Олӣ фаъолият доштан, аввало, ба ҳар кас муяссар намешавад, рафту муяссар шавад ҳам, чунин бахтро ӯҳда кардан аз дасти ҳар кас намеояд.

Дигар ин ки, Темур Шавкат дар баробари лаёқати хуби ташкилотчигӣ, табиатан инсонпарвар буда, дар байни халқ обрӯ ва эътибор ёфтан... ба равнақи илм, адабиёт ва маданияти Сурхонзамин тавассути қалами худ, истеъдоди худ ва ору номуси худ муддати солҳост, ки саҳми босазо мегирад. Вай на танҳо очерку мақолаҳои зиёди чӣ публитсистӣ ва чӣ илмӣ навиштааст, на танҳо аз барои азиз донистани ёдгориҳои таърихии водии Сурхон ҷон мекоҳонад, на танҳо чандин шогирд тарбия карда, аз дастовардҳояшон кӯдаквор меболад, инчунин дар роҳи зинда гардондани номи мубораки шоиру нависандагон, шахсиятҳои бузурги замони пешин, ки бисёре аз онҳо дар радифи алломаҳои маъруф мақому манзалат дошта, дар аҳди ҳукумати шӯроҳо бо баҳонаи «диндоранд» ба чанголи фаромӯшӣ афтида буданд, пайваста ва аз сидқи дил заҳмат мекашад.

Масалан, номи неки шоира, нависанда, драматург ва журналисти Ӯзбекистон дар нимаи аввали асри бист Раъно Узоқоova, ки фарзанди, зиёда аз ин, шарафи Сурхондарёст, дар як муддати кӯтоҳ маҳз дар натиҷаи ҷустуҷӯ ва тадқиқи Темур Шавкат дар ҷумҳурият маълуму машҳур гардида, асарҳояш пайпай интишор ёфтанд. Навиштаҳои ин зани оташинқалбро вай аз ҳар

пешина
аз 87
навбатӣ