Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Қабул бар дида гузошт. Ман аз завқ боз ғаш кардам. Вақте хушёр шудам, ки он моҳии ноз рафта буд. Дар ин дам он ҷавон низ аз ҷо хеста равон шуд. Аммо дили ман вайрон, чашмам гирён ва ин байтҳо ба ҳолам тарҷумон шуд:
- Менамояд тапиши дил раҳи парвоз ба ман,
Меравам, то чӣ кунад, толеи носоз ба ман.
Ошёнам чӣ шуд аз он ки баланд афтодааст,
К-офати ҷон шуда кӯтоҳии парвоз ба ман.
Дардро синаи озурдаи ман қонун¹ аст,
Шеван оғоз кунам, чанг наяндоз ба ман!
Баст гардун дари уммед ба рӯям Шопур,
Магар аз ғайб даре боз шавад боз ба ман.
Дар байни роҳ, зери лаб навҳакунону оҳкашон будам. Чун ба хонаи он мард даромадам, ба як хилват хазидам, танҳоӣ гузидам ва дасти ҳайрат мегазидам...
Дарвешон! Баъд аз он ки он ҷавон соате хоб кард, бедор шуда маро талабид ва аз аҳволам пурсид.
Гуфтам:
- «Сарат гардам! Чӣ мепурсӣ зи ҳолам», «Рӯҳи қоҳиням, бину ашку охам!».
Гуфт:
- Фарзанд! Ситораи бахтат аз наҳсият баромад, муддати ҳиҷронат ба охир расид... хотир ҷамъ дор, ки кор ба мурод аст. Ҳеҷ донистӣ, ки дар бораи ту чиҳо гуфтам?
Гуфтам:
- ...Ҷуз олами бехабарӣ, хабаре аз олам надоштам. Фақат ду бор аз худ бохабар шудам.
Навбати аввал вақте буд, ки он нозанин гирист, бори дуюм дидам, ки ангушти қабул бар дида ниҳод.
Гуфт:
- Бале, он ҳар ду сабаб дошт. Ман саргузашти туро муфассал гуфтам, ин ҷавон одами дуруст, гуфтам, аз дасти ту чунин парешон ва дар талаби ту аз ватан дур гардида ва муддате дар биёбонҳо давида, озори бисёр дар орзуи дидори ту
1 Қонун — ба маънии як олати мусиқӣ, ки тордор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё