Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Он ҷавон ба фикр рафта, баъд сар бардошт ва гуфт:
– Аз паси ин гесубурида чӣ фитнаҳо, ки бар сари мардум наёмада! Он ҷавони мазлум, ки хокаш ба хуни падари ӯ баробар буд, ба захри ситам кушта шуд. Чандин касони дигар низ ба ғайри ҳақ кушта шуданд. Э ҷавон! Шахсе, ки дар он доругир вазирро ба тир зад, манам ва дар ин тобут ҷасади он подшоҳзодаи мазлум аст. Ман аз фироқи он ҷавон девонавор аз худ бегона шудаам. Муддате сару по бараҳна дар кӯчаву бозор мегаштам. Ба ғайри аз подшоҳ ҳар кас, ки ба кушта шудани шоҳзода ҳамроҳ шуда бошад, ба сазо расонидам. Подшоҳ чун ба зоҳир пушаймон буд, ба вай кордор нашудам. Аз он рӯз сар карда ҳар моҳ як бор тобути ӯро дар кӯчаву бозор мегардонам ва расми азодориро тоза мекунам. Мардум маро девона гумон мекунанд ва аз ман метарсанд ва ман ҳам дар куштани золимон кӯтоҳӣ намекунам. Акнун ки ту озори бисёр дар роҳи он гулрухсор кашидӣ ва ниҳоят ба ман расидӣ, ҳақ ба ҷониби туст. Ин кор ҳам танҳо аз дасти ман меояд. Аммо ба шарти он ки мабодо дар вақти ӯро диданат оҳу зорӣ ва беқарорӣ накунӣ. Агар хилофи ваъда карда овоз барорӣ, дар ҳамон ҷо ду нимтаат карда мепартоям...
Ман шарти ӯро қабул кардам. Он рӯзро шаб кардем, рӯзи дигар вақти баромадани офтоб он ҷавон мукаммал шуда, ишора кард, то ки як даст либоси нав оварда, ба ман пӯшониданд. Баъд як сари тобутро ба ман доду сари дигарашро ба ғулом дода равона шуд. Он ҷавон пеш-пеш, мо аз қафо мерафтем. Хеле дур рафтем. Ниҳоят, ба дари боғ расидем. Одамоне, ки дар он ҷо буданд, гурехтанд. Мо ба боғ даромадем. Дар миёнаи боғ ҳавзе буд ва дар чор бурҷи он чор чинор рӯида буд. Ҷавон ишора кард. Мо тобутро бар лаби ҳавз ба замин гузоштем ва ба гӯшае нишастем. Он диловар аз дилу ҷигар чунон наърае кашид, ки тамоми он боғ ларзид. Он гоҳ фарёд кашида ин ғазалро хонд:
Бе ту, э сарви равон, бо гулу гулшан чӣ кунам?
Зулфи сунбул чӣ кашам, орази савсан чӣ кунам?
Эҳ, к-аз таънаи бадхоҳ надодам рӯят,
Нест чун оинаам рӯй зи оҳан чӣ кунам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё