Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Он қадар тазаррӯъ ва зорӣ кардам, ки ӯро бар сари тараҳҳум овардам. Баъд аз насиҳати бисёре, роҳу равиш ва одоби мусофирӣ, тариқи ишқ ба ман омӯхт ва ба ҳаққи ман дуо карда, ба ман як мушт тангаву тилло низ дод. Ман тағйири либос намудам ва шарти видоъ ба ҷо овардем, ва аз он кӯҳ бо дили пурандӯҳ, селобвор ба зер омадам... шабу рӯз бо гиряву сӯз дар биёбон медавидам, дар ҳеҷ ҷо намеорамидам. Аҷоиб ва ғароиби бисёр дидам, заҳмат ва машаққати беҳадду бешумор кашидам, баъд аз заҳмати бисёр ва машаққати бешумор ба он диёр расидам. Мӯи сар то ба камар расида, бадан заиф ва бемадор гашта буд. Муддате дар он диёр ба кофтукови он зебонигор, маҷнункирдор ба ҳар гӯша ва канор гардидам. Аз ҳеҷ тараф бӯи файз ва насими шафқате нашамидам. Ҳамчунин то як сол дар талаби давлати висол, ба он ҳол мани парешонаҳвол бозичаи атфоли (бачагони) он маҳол (он ҷоҳо) будам. Дар охиר он ҳаёт ба ҷонам расид, ба муردن розӣ шудам... як шаб гиряву зории бисёре карда хоб кардам... чун рӯз шуд аз кунҷи вайрона бо дили девона ба дар давидам ва ба сари бозор равона гардидам. Чун ба сари чорсӯ расидам, дидам, халқ гурезонанд: афтону хезон ба бомҳо ва баландиҳо мебаромаданд. Дар як дам бозор аз мардум холӣ шуд. Аз як тараф ҷавони пурсавлате, палангтабиате ва шерхайате, бо рӯи чун офтоб, чашмон мисоли тоси пурхун, мӯй мисоли навдаҳои беди маҷнун; ҳафтони чарм пӯшида, камари мурассаъ баста, занҷире ба даври сар ва як сипаре ба пушт овехта, аз газаб кафк бар лаб оварда, чун селоби бало ҷӯшон ва хурӯшон меомад. Аз паси ӯ ду ғуломи моҳталъат, ба синни чордаҳсолагӣ, саропо ба дурру гавҳар ғӯта зада, тобутеро ба дӯш бардошта меомаданд. Чун ба миёни чорсӯ расиданд, ба ишораи он ҷавон тобутро бар замин гузоштанд. Он ҷавон ба паҳлӯи он тобут омада зону зада нишаст ва фарёд бароварда, ба оҳанги ҷигарсӯз ва дилҳарош ин байтро хонд:

— Э, бе ту зи дида хоб рафта,
В-аз ҳар мижа хуни ноб рафта;

1 Ҳафтон — ҷомаҷаи пахтаноки ҷангӣ. Ҷомаи ҳарбӣ.

пешина
аз 191
навбатӣ