Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
ба даргоҳи ӯ ҳозир кунанд. Чун ба фармуди ӯ амал карда ҳамаро оварданд, ту ба сар захми мӯҳлик доштӣ ва беҳуш будӣ. Бинобар он ба ту аҳамият надода, ба кӯча партофтанд. Аммо подшоҳ бо вазири дилсиёҳ ба куштани он бегуноҳ машварат кард. Вазир гуфт, ки «ба фикри ман маликаро бар он дорем, ки маҷбур кунем, ки ӯро бикушад, то ки мардум аз шумо надонанд ва гӯянд, ки духтар аз барои дафъи бадномии ӯро кушт». Подшоҳ гуфт:
— Агар ин гесубурида розӣ шавад...
Бо фармуди подшоҳ вазир ба назди духтар омада, ба ҳилаву найранг сар карда ва духтарро маломат кард ва гуфт:
— Ин ба шумо барин шоҳзодадухтар магар нанг нест, ки мардум гӯянд: «Духтари подшоҳ ошиқи ҷавоне шудааст».
Аммо духтар ба маслиҳати вақт мункир шуд. Инро шунида, вазир гуфт, ки:
— Агар ту рост мегӯӣ ва мехоҳӣ, ки забони бадгӯён баста шавад ва падарат аз ту хушнуд гардад, бояд ки писаракро кушӣ.
— Майлаш! — гуфт духтар ва ба шаб ваъда кард. Вазир ба назди шоҳ рафта ин суханҳоро арз кард. Чун шаб даромад, вазир боз ба назди духтар рафта, гуфт: «Одами бошараф ҳар гоҳ, ки ваъда кард, вафо мекунад». Духтар бечунучаро аз ҷо хеста ба сӯи падар равона шуд. Дар сари роҳ туро афтода дида, гуфт, ки: «Ин бечораро ба канор баранд!». Чун туро ҳаракат додем, нола кардӣ ва нафас баровардӣ. Духтар чун донист, ки ту зиндаӣ, ба мо ду нафар фармуд, ки зуд туро аз рӯдхона гузаронем ва ба рафиқонат расонем ва баҳраманд шавем ва ба мо чанд ашрафӣ¹ барои муолиҷаи ту дод».
Гуфтам:
— Он пул ба шумо ҳалол бод!
Ногоҳ он ҷавонро аз қафас бароварданд ва дуртар аз духтар доштанд. Он хуршеди осмони вафодорӣ аз ҷо ҷаста, теғ баркашид ва ба қатли он ҷавон равон гардид ва чун раъд хурӯшон шуд. Вақте ки наздик расид, теғро ба канор андохт ва пеш тохта худро ба пои дилдори хеш андохт. Дар он дам ин байтҳоро вирди забон сохт:
¹ Ашрафӣ — пули тилло.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё