Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Ҷорӣ.
Фурсати муносибро аз даст надода, тарбуз коридам. Дар муддати чанд рӯз тарбуз сабзида, ҳосилаш пухт. Ман як тарбузи пухтагии калонро кандаму ба сояи яке аз шохаҳои чормағз гузашта нишастам ва тарбузро кушта хӯрдани будам, ки кордам ба даруни тарбуз афтида рафт. Хостам, ки кордро гирам, худам ҳам ба даруни тарбуз даромада рафтам. Вақте ки ман кордро ҷустуҷӯ мекардам, Ашӯрбобо ном марде дучор омад. Аз вай дараки кордро пурсидам, гуфт:
– Ман даҳ гову панҷ хару чил бузу гӯсфандро гум карда, намеёбаму ту кордатро чи хел меёбӣ?
Оқибат ба сад азоб аз даруни тарбуз баромада, ба дарбори олӣ омадам, ки арз кунам, дарбонҳотон намонданд, – гуфта Кали Айёр сарашро хам кард.
Духтари мир, ки дар пушти дар гӯш карда истода буд, дарро кушода ба падараш таъзим карда гуфт:
– Тақдири ман ба ҳамин калбача будааст. Он чӣ ман мехостам, ӯ ба тамоми гуфт: се дурӯғе, ки ҳар кадом чил дурӯғ дошт.
Қозикалон ақди духтарро ба Кали Айёр баст. Кали Айёр дар қишлоқи Саратоғ қалъае бино карда, бо духтари нозанини мир зиндагӣ сар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё