Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
тодааст. Чанд кӯҳу пуштаро гузашта, охир ба назди модарам расидам. Вақте ки модарам маро дид, гуфт:
– Ҳо, бачам, ҳамин ки ту рафтӣ, зиқ шуда, ба ин ҷо баромада омадам. Сесола хизмати Худойбердиро ба гардан гирифтам. Ду солаш буд шуду як соли дигараш монд. Ҳамин як сол ҳам буд шавад, меравам.
Ман аз назди вай баргаштам. Ҳаво бисёр гарм буд. Ташнагӣ маро бетоқат мекард. Бо ҳазор машаққат ниҳоят ба лаби дарё расидам, ки об ях кардааст, чизе наёфтам, ки яхро шиканам, сарамро бурида, ба ях задан гирифтаму яхро шикаста, об нӯшидам. Вақте ки ба роҳ баромадам, бачаҳо маро дида, одами бекалла гуфта механдиданд. Дар ҳақиқат ҳам баргашта, назар кунам, калаамро партофта омадаам. Баргашта ба лаби дарё рафтам, ки ҷуволдӯз аз ман қаҳр карда рафтаасту каллаам мунтазири ман аст. Ман каллаамро боз ба ҷояш монда, ба назди модарам рафтам.
Дар ин миён соли сеюм ҳам тамом шудаасту модарам аз Худойбердибой ҳақ талаб кунад, бойи аз кӯчаи инсоф нагузаштагӣ модарамро зада куштааст. Ман ба дарбори олӣ омадам, ки арз кунам, дарбонҳо маро дашном доданд, маҷбур

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё