Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ҳамин вақт одамҳои қозӣ масолеҳи тӯйро оварданд. Девонаҳусайни номаълум аз боғ баромада, ба хонааш рафт.

Қозӣ тӯйи калон сар кард. Се шабу се рӯз тӯй шуд. Девона либоси занона пӯшида, ба тӯйхона омада, дар паҳлӯи Давлатхотун нишаста гирифт. Шаби сеюм ҳамаи соҳибони тӯй, меҳмонон хаста шуда, хобашон сахт бурд. Девона аз фурсат истифода бурда, рафта як порча кунҷора гирифта, майда карда, бехта, об андохта шӯрид, боз каме сабӯс гирифту ба тӯйхона омад. Ба болои сари писари қозӣ рафта, тоқии ӯро гирифта, хамири кунҷораро ба сараш молида, аз болояш сабӯс пошиду хеста ба пеши Давлатхотун омад.

— Духтари хола, ту писари қозиро ҳеҷ дидай? — пурсид Девонаҳусайни.

— Не, ҳеҷ надидаам, дидан ҳам намехоҳам! — гуфт Давлатхотун.

— Ту медонӣ, ки вай як кали баднамуд аст? — гуфт Ҳусайнӣ.

— Эй, писари хола! — хитоб кард Давлатхотун. — Барои чӣ маро ин қадар ба азоб мемонӣ, кай аз ин бало халосам мекунӣ?!

— Эй, духтари хола, акнун туро никоҳ мекунанд, ман чӣ хел ҷони туро халос мекунам? — гуфт Девона.

— Халосам накунӣ, худамро мекушам! — гуфт Давлатхотун дар қаҳр шуда.

пешина
аз 161
навбатӣ