Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
нигоҳ карда.
– Мана ин говҳоят, – ҷавоб дод Ҳусайни, – мана ин юғу испорат. Ҳаққи хизмати маро деҳ, ман ба ватанам меравам.
– Эй Девона, – гуфт бой, – кадом ҳаққи хизматро талаб мекунӣ? Ҳоло ҷуфт ронда истодаӣ, баъд гандум мепошӣ, гандум мебарояд, сар мекашад, қоқ мешавад, вақти дарав мешавад, медаравӣ, мекубӣ, бод мекунӣ, баъд ҳақ талаб мекунӣ. Ҳаққи меҳнати порсолаат бошад, ба хӯроки худат сарф шуд.
Ҳусайни гапи бойро шунида, дигар чизе нагуфта, бо бародархондаш роҳи хонаашро пеш гирифт. Омад, ки модараш бо оби дидаи ҳаштқатор чарх ришта нишастааст. Вай Девонаро дида тохта хест, даст ба гарданаш андохт, ба оғӯш кашида, гиря кард.
– Модарҷон! – гуфт Ҳусайни – хору зорат кардаам?!
– Эй бачаам, – гуфт кампир, – дам назан, маро куштӣ, маро бе корд куштӣ!
– Модарҷон, арӯси маро ба шӯй доданд? – пурсид Ҳусайни.
– Доданд, – гуфт модараш, – ба писари қодӣ доданд, аз дасти ман чӣ меомад, коре карда натавонистам.
– Никоҳ карданд?
– Не, фотиҳа карданд, – ҷавоб дод модараш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё