Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Рӯзе бишавад, ки бишканад оҳани кор, Говон ба алаф раванд, ман пешаки ёр.

  • Яқин ҳамин додари ман аст, бинам канӣ боз ягон байт мегӯяд? - гуфта Собир нигоҳ карда истод. Ҳамон ҷуфтрон ба сари марзаи дигар расида, боз як байт гуфт:

Ин кӯли дарозу ҷуфти гови песа,
Говрона ба дасту мекунам андеша.
Говрона ба даст, то кай кунам андеша.
Эй гург, биё бихӯр мани дарвеша!

«Ёфтам, худи худаш», — гуфт Собир хурсанд шуда ва ба пеши Ҳусайнӣ давида - давида рафт.

Девонаҳусайнӣ дид, ки як кас давида ба сӯяш меояд, «монанди акаам аст, акаам бошад?» - гӯён вай говҳоро монду ба пешвози Собир рафт. Онҳо ҳамдигарро ба оғӯш кашиданду пурсупос карданд.

  • Хайр, акаҷон, — пурсид Девонаҳусайнӣ, аҳволи модарам чӣ тавр аст? Сиҳат аст, саломат аст, тинҷ аст, бардам аст?

Акааш:

  • Тамоми сол хабаргирӣ наомадӣ, моро фаромӯш кардӣ, модарат нағз, сиҳату саломат. Магар ӯро ман хоршавӣ мемонам?! - гуфта ҷавоб
пешина
аз 161
навбатӣ