Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Гуфт, ки:
— Акнун худат сайри дунё карда, духтари мувофиқ ёфта гир!

Бача як камонғӯлак дошт, гирифта ба кофтукови духтар баромад. Ба шаҳре рафт, ки подшоҳи шаҳр ҳафт духтар доштааст. Ба боғи подшоҳ даромада, дар як гӯшае истод. Як вақт духтарони подшоҳ ба сайри боғ омаданд. Бачаи подшоҳ як тир андохт, ки рафта ба соч зад. Соч афтод ба пеши духтарон. Яке духтари подшоҳ сӯйи бача нигоҳ карда гуфт:

Дар даст чӣ дорӣ, чуви хушк?
Аз ту наёмаД бӯи мушк!
Нозои гул бо гул равон,
Эй ёр, харидорат манам.

Баъд духтар бачаро, бача духтарро маъқул кард. Бача аз боғ баромада пеши падараш омад. Подшоҳ дид, ки бачааш тошӣ меояд, ба занаш гуфт:
— Чолоб кун, ки дили писарат сӯхт.

Зани подшоҳ бо косаи ҷолоб Тоширо пешвоз гирифт. Тошӣ ҷолобро аз дасти модараш гирифта хӯрд. Баъд хабари ёфт шудани арӯсшавандаро ба падару модараш нақл кард.

Подшоҳ хурсанд шуда, даррав тӯй пеш мегирад, баъд Тоширо бо одами бисёре ба хонаи арӯс мефиристад.

пешина
аз 161
навбатӣ