Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ҳезуми ман дар хонадоне, дар оташдоне дармегираду дег меҷӯшонад, ё алаф мефурӯшаму тасаввур мекунам, ки гову гӯсфандон қасар-қусур хӯрда ҳузур мекунанду ҷон мегиранд, ё ҷорӯб мефурӯшаму тасаввур мекунам, ки ҷорӯби ман ҷоеро мерӯбаду тозаю зебо мекунад, аз ин тасаввур ҷонам ҳаловат мебарад.

Подшоҳ ин гапҳоро шунида, фикр кард, ки ин ҷавон хаёлпараст асту дунёбехабар. Гумон мекунад, ки мушкиле барояш вуҷуд надорад ва ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ ҳол дарнамемонад. Мо ба вай нишон медиҳем, ки дар дунё чӣ пастию баландиҳо ҳаст.

Подшоҳ ҳамин хел фикр карду баромада ба боргоҳаш рафт ва он ҷо наздиконашро пеши худ даъват карда, гуфт:

– Дар фалон ҷо, дар фалон ҳавлӣ як ҷавони мусофир зиндагӣ мекунад, саҳарӣ, ҳанӯз чашми рӯз накафида рафта, пеш андохта, ба дасташ яроқ дода, ба қалъа посбон таъйин кунед, тамоми рӯз наҷунбида посбонӣ кунад.

Фармони подшоҳ иҷро шуд. Ҳасанак шоф дар миён то бегоҳ дар назди дарвозаи қалъаи подшоҳ посбон истод. Баъд ба ӯ фармуданд, ки саҳар, чашми рӯз кушода нашуда, баргардаду боз посбон истод. Агар аз фармон сарпечӣ кунад, ба дор кашида мешавад.

Подшоҳ бегоҳӣ дар дилаш хандида, ба сӯи

пешина
аз 161
навбатӣ