Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

— Марҳамат, марҳамат, биёянд, меҳмон шаванд, — гуфт.

Дере нагузашта палави Ҳасанак пухт, кашида ба миён монд. Бо иштиҳо хӯрданд. Баъд подшоҳ аз Ҳасанак пурсид:

— Мардум нони хӯрдани надоранд, тап-тап афтода мурда истодаанд, ту бо чӣ роҳе пул ёфта, харид карда палав пухтӣ?

— Эй марди нек, — гуфт Ҳасанак, — магар нашунидаед, ки гуфтаанд: «ангура хӯру боғаша напурс», ё ки «харбузаро хӯр, туро ба полиз чӣ кор». Ман аз шумо напурсидам-ку кистед, чӣ кор мекунед, дар ин кӯчаҳо чӣ кор мекунед?

Ҳасанак аз хӯрчинаш дуторчаашро бароварду торҳояшро чӯр карда, чунон навохт, ки подшоҳ ҳаловат бурда, аҳсан гуфту офарин. Баъд ӯ дар ҷавоби саволи подшоҳ як рубоӣ хонд:

— Эй кафтараки сафедаки бӯйи баҳор,
Шӯякта кушам, худта кунам беваи зор.

  • Шӯякме макуш, худма якун беваи зор,
    Харбузара хӯр, туро ба полез чӣ кор.

Подшоҳ фикр кард: маълум мешавад, ки ҳунарпеша аст ин ҷавон, аз музди навохтану сароиданҳояш рӯз мегузаронад, лекин... боз фикр кард подшоҳ, «мусулмонӣ дар шикамсерӣ» мегӯянд, ба гӯши гушнагони зор як

пешина
аз 161
навбатӣ