Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Баъд Гулсанам аз мӯйсафед фотиҳа гирифта, ба сӯи ватани худ раҳсипор шуд. Қисса кӯтоҳ, онҳо ба ватани Гулсанам расиданд. Баъд Гулсанам Нигораро ҷеғ зада, ҳол пурсид.

— Шавҳари ман маро ба надаш роҳ намедиҳад. Бо ман тап намезанад. Ҳамеша нола карда мегардад, — гуфт Нигора.

Гулсанам вайро ҷавоб дода, шоҳзодаро ба назди худаш ҷеғ заду сиёсат карда гуфт:

— Чаро ба занат дили гарм надорӣ?

Шоҳзода гуфт:

— Эй хӯҷаин, маро кушед ҳам, ихтиёр доред, аммо ба ёри худ хиёнат карда наметавонам.

Баъд шоҳзодаро гуфт:

— Аз омадани мо ба падарат хабар деҳ!

Подшоҳ ба пешвоз омад.

Гулсанам аз гардани оҳу дошта омада ба подшоҳ салом доду сари оҳуро бурида, хунашро ба подшоҳ нӯшонид. Дарди дили подшоҳ дарҳол монд.

Баъд Гулсанам ба подшоҳ гуфт:

— Эй подшоҳи олам, шумо маро пашша гуфта будед, ана ҳамон пашшаи гуфтагиатон ин корҳоро кард.

Подшоҳ аз ӯ узр хост.

Гулсанам Нигораро ба пеши худ ҷеғ зада аз дасташ гирифт. Баъд телпакашро аз сараш гирифта, рӯяшро ба шоҳзода нишон дод.

пешина
аз 161
навбатӣ