Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

шонро ба якдигар нақл карданд. Се бародар чун донистанд, ки ин ҷавон писархонди падарашон будаасту ба падарашон хеле некиҳо кардааст, аз хурсанӣ гиря карда, ӯро ба оғӯш кашиданд.

Лекин Гулсанам аз духтар буданаш сир надод.
Дев баъди ду рӯз бедор шуда чунон наъра кашид, ки кӯҳҳо ба ларза омаданд.

Гулсанам дарҳол нигинро пахш кард. Дев аз ғор баромада, ба таваллуву зорӣ даромад.

— Агар ту ғуломи ман шавӣ, намекушам, — гуфт Гулсанам.

— Ғуломи ҳалқабаргӯшат мешавам, — гуфта дев қасам ёд кард.

Гулсанам фармуд, ки париҳоро озод кунад.
Дев дарҳол ин фармонро иҷро кард.

Занҳо бо гарданҳои шавҳарашон овезон шуда, ашки шодӣ рехтанд.

Баъд Гулсанам ба дев фармон дод, ки ҳамаи онҳоро ба хонаи падари мӯйсафедашон барад.
Мӯйсафед аз хурсанӣ мисли ҷавони чордаҳсола шуд. Ҳафт шабу ҳафт рӯз ҷавонон тӯй дода, занҳошонро аз дигар никоҳ карда гирифтанд.

Баъд Гулсанам гуфт:

— Эй бародарҳо, ман ба Балх меравам, акнун паноҳатон ба Худо, ман рафтам.

Се бародар гуфтанд:

— Ту ҳар куҷое равӣ, мо ҳам меравем.

пешина
аз 161
навбатӣ