Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

Ба оғӯш кашида, рӯи даст гирифта, хона ба хона мегашт, кӯча мебаровард, бозӣ медошт, навозиш мекард, ба замин мондан намехост, шӯхӣ кунад ҳам, ҳаргиз ҷанг намекард.

Акнун Зебо хурдакак не, панҷсола шудааст, ба боғча меравад. Ҳозир ҳам ҳар гоҳ ки бибӣ ба хонаашон ояд, барои ӯ ҳар гуна шириниҳо меорад, мисли пештара бардошта рӯи даст мегирад ва аз рӯи анор барин зебояш мебӯсад. Дар рӯзи таваллудаш бошад, ҳар гуна тӯҳфаҳо медиҳад.

Вақти пешин Зебо ва падару модараш тӯҳфаҳоро гирифта, мошинсавор ба хонаи бибӣ равон шуданд. Аммо фикру хаёли тӯҳфа аз сари Зебо дур намешуд. Баногоҳ шеъри дар боғча азёд кардааш, ки ба бибӣ бахшида шуда буд, ба ёдаш омад.

Хонаи бибӣ аз меҳмонҳо пур шуда буд. Фарзандон, набераю абераҳо ва ёру дӯстони бибӣ ҷамъ омадаанд. Падару модари Зебо тӯҳфаҳоро ба бибӣ супорида, самимона табрик намуданд. Зебо бибиҷонашро оғӯш карда, аз рӯяш бӯсид ва гуфт:

– Бибиҷон, ман ҳам барои шумо тӯҳфа овардам. Тӯҳфаи ман шеър аст. Ҳозир мехонам.

– Кошкӣ, кошкӣ, ҷони бибӣ, канӣ-канӣ, – гуфт бибӣ.

– Шеъри шоираи ширинкалом Гулчеҳра Сулаймонӣ «Бибиҷонам»:

Бибиҷонам меояд,
Дилу ҷонам меояд.
Аз роҳи дур меояд,
Базӯр-базӯр меояд.

Бибим ояд мо хурсанд,
Кисаҳояш пурӣ қанд.
Мавизу мағз меорад,
Чизҳои нағз меорад.

Гапҳои бибим ширин,
Қанд барин, асал барин.
Бибим кони афсона,
Бибиҷонам ягона.

пешина
аз 77
навбатӣ