Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан
  • Ҳеҷ гап не, оҳиста-оҳиста ёд мегирад. Дар вақташ худат ҳамин хел будӣ.

Роҳгардии Беҳрӯзҷон ҳам душвор аст. Ду-се қадам мемонаду тапӣ меафтад. Лекин гиря намекунад. Боз хестанӣ мешаваду наметавонад. Либосҳои ғафсу гарми танаш халал мерасонанд. Акааш ба вай зуд ёрӣ медиҳад. Аз дастҷаҳои хурди нозукаш дошта, ба по мехезонад ва ҳар ду ба хоначаи дарун медароянд. Ин ҷои бозии онҳост. Хонача пури лӯхтаку бозичаҳои ҳархела. Як сӯ Сагчаю Пишакча, Хирсчаю Заргӯшча, сӯи дигар мошинчаҳо паҳну парешон хобидаанд.
Сагча дум надораду Хирсча пой, Заргӯшча сар надораду мошинча чарх. Думи Сагчаю пои Хирсчаю сари Заргӯшчаро Беҳрӯзҷон бо дандонҷаҳои тезаш канда партофтаасту чархи мошинчаҳоро Сомонҷон ҷудо карда гирифтааст.

Модарашон риштаю сӯзан оварда, думи Сагчаю пои Хирсча ва сари Заргӯшчаро медӯзад, чархи мошинчаро ёфта ба ҷояш мегузорад ва ба Сомонҷону Беҳрӯзҷон мегӯяд:

  • Ширинакҳои оча, нағз бозӣ кунед, шӯхӣ накунед, бозичаҳоро ба ҳар ҷо напартоед.

Баъд вай ба ошхона рафта, косаю табақ мешӯяд, хӯрок мепазад.

Акаю ука машғули бозӣ мешаванд. Аз паси тиреза ҷаву чуви бачаҳо ба гӯш мерасад. Сомонҷон сарашро боло карда, ба берун менигарад ва ҷӯраҳояш Комрону Суннатро мебинад. Онҳо бучулбозӣ мекунанд. Ҳар ду Сомонҷонро аз тиреза дида, бо ишораи даст ба бозӣ чеғ мезананд. Сомонҷон лаҳзае хаёл мекунад, ки равад ё не, баъд ба укааш мошинчаро дода, овораи бозӣ месозад ва дарро оҳиста кушода, берун мебарояд. Дере нагузашта овози модараш баланд мешавад:

  • Сомонҷон, ҷорӯбро биёр, хонаро рӯбам.

Беҳрӯзҷон ба худ омада, яке мебинад, ки акааш дар паҳлӯяш нест. Вай дар ҳайрат мемонад. Куҷо рафтааст? Кай рафтааст? Аҷабо!

Беҳрӯзҷон тез-тез қадам монда, калавидаю афтидаю хеста ба айвон мебарояд ва ҷорӯбро кашолакунон хона дароварда, ба модараш медиҳад.

  • Вой ҷони ширинҷони оча, қурбонакат шавам-е, аллакай
пешина
аз 77
навбатӣ