Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— Беҳрӯзу Ҳабиба ҳоло ёш не? — мепурсад як бачаи ҷингаламӯй.

— Не, ёш не, ҳардуяшон акнун калон шудагӣ, — бепарвоёна ҷавоб медиҳад амак, — ҳозир меҳмонҳо, арӯсу домод меоянд, онҳо ин роҳу кӯчаи ифлосро дида айб намекунанд? Барои ҳамин бояд чӣ кор кунем? Кӯчаро об зада, рӯфта тоза кунем. Зуд бошед.

Бачаҳо аз хонаҳояшон ҷорӯбу сатил оварда, аз паи кор шуданд.

Замираю модараш серкор буданд. Саҳни ҳавлиро тоза рӯфта об пошидаанд. Ба ғайр аз кати калони худашон боз ду кати ҳамсояро оварда, ба болояш палосу кӯрпача андохтаанд. Холаи Салима ду деги калон монда, дар яке шӯрбо, дар дигараш палав мепазад. Имрӯз ӯро қариб ки шинохта намешавад. Дар байни ин ду ҳафтаи охир тамоман тағйир ёфтааст: ранги рӯяш чун анор супурх, чашмонаш дурахшон, лабонаш пури табассум. Аз он ки бачаи ба ҷон баробараш сиҳат шуда, ба хона омад ва акнун ӯро бо Ҳабиба тӯй мекунад, аз худу бехуд. Замира ҳам дили болида дорад, бе табассуму ханда гап намезанад. Вай чолокона барои меҳмонҳо нону фатиру кулча мепазад. Фақат бибиаш — кампири ҳафтоду панҷсола ором аст. Кампир болои кат дароз кашида, бо остини дарози куртааш аз гармии ҳаво рӯяшро бод мекунад.

— Соат чанд шуд? — мепурсад кампир.

— Даҳта кам ёздаҳ, — ҷавоб медиҳад Замира.

— Ҳоло барвақт будааст-ку, саросема шуда нонро насӯзон, — мегӯяд ӯ.

Духтарони ҳамсоя меваҳоро шуста, ба лаъличаҳо меандозанд, баъд саргарми шустушӯи косаю табақҳо мешаванд.

Ногаҳон аз кӯча овози бачаҳо ва садои сурнаю доираю найро шунида, ҳама баробар ба сӯи дарвоза давиданд. Ду табақи дарвоза боз шуду Беҳрӯзу Ҳабиба ба ҳавлӣ даромаданд. Ҳабиба либоси ҳарири сапсафеди арӯсӣ пӯшида буд ва ба худаш мезебид, мисли гули садбарг шукуфон ва зебо буд, одами дидагӣ ӯро ба осонӣ намешинохт. Шиму костюм

пешина
аз 77
навбатӣ