Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
Баъди хондани варақа онҳоро рафтани намонд ва ба утоқи кориаш даровард.
- Ман мақсади шуморо фаҳмидам, мақсади олиҷаноб, кори нек, - гуфт вай, - мехоҳед, ки ба як одами дармонда, эҳтиӯҷманд ёрӣ расонед. Ман ҳам кӯмаки худро дареғ намедорам. Ҳамин бегоҳ мо фаъолонро ҷеғ зада маслиҳат мекунем. Шукр дар ҷамоаи мо чанд тоҷир ва фермерон ҳастанд. Аз онҳо хоҳиш мекунем, ки як миқдор пули хайрия диҳанд. Ҳамин ки масъала ҳал шуд, мо шуморо ҷеғ мезанем.
Ҳабибаю Кабир гумон доштанд, ки раиси ҷамоа онҳоро ҷанг карда, баркияро дарронда мепартояд. Барои ҳамин аз ӯ тарсида гурехтани буданд.
Хушбахтона, ҳамааш баръакс баромад. Вай одами хуб будааст. Ба ҳар ҳол дар дунё одамони хуб кам нестанд. Аз одамони бад дида одамони хуб зиёдтар бошанд, он гоҳ ҳар мушкилӣ ба осонӣ ҳал мешавад.
Раиси ҷамоа онҳоро гуселонда, варақаи «Барқия»-ро аз девор канда ба утоқи кориаш даромад.
Ашки ғаму шодӣ
Пас аз ду рӯз ҳар дуро ба идораи ҷамоа ҷеғ заданд. Раиси ҷамоа Толиб Акбаров онҳоро хуш пешвоз гирифт ва аз сандуқи оҳанин чизи қоғазпечро бароварда гуфт:
- Дар ин ҷо дусад сомонӣ пул ҳаст. Фермерҳои мо Акрам Қосимов ва Сабур Сирочев ҳар кадом сад сомонӣ доданд. Эҳтиёт кунед, мабодо гум нашавад. Худи ҳозир ба модари Беҳрӯз бурда супоред ва аз номи мо салом гӯед.
Ҳабиба пули қоғазпечро гирифта «раҳмат ба шумо, амак. Ба пулдодагиҳо ҳам раҳмати бисёр, мо миннатдор» гӯён бо раис хайру хуш кард.
Дар кӯчаи калон равуои одамон бисёр буд. Яке сӯи шаҳр равон буд, дигаре аз бозор меомад, сеюмӣ ба саҳро мерафт, хуллас ҳар кас бо ташвиши худ овора. Ҳабибаю Кабир бо дили саршор аз фараҳу сурур дар кӯча зуд-зуд қадам зада, сӯҳбаткунон ба ҷониби хонаи Салима-апа мешитобиданд. Баробари ба гардиш расидан доду фарёд ва гиряи кӯдакро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё