Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
-
Хавотир нашавед, ҳамааш нағз мегузарад. То ҷарроҳӣ накунем, бача сиҳат намешавад, — гуфт профессор. — Завҷаатон розӣ аст?
-
Занак ихтиёрро ба дасти ман додагӣ, розӣ мешавад.
Амаки Абдураҳим забонхатро навишта пурсид: -
Хароҷоташ чанд мешавад?
-
Худатон медонед, ки давлат камбағал аст, барои беморхона ба қадри кофӣ пул дода наметавонад. Пуле, ки ҷудо мекунад, ночиз аст, намерасад. Барои ҳамин мо маҷбурем, ки аз беморон пул гирем. Ман мефаҳмам, мардум аксарият мисли шумо кашшок аст, лекин илоҷи дигар надорем. Ба ҳар ҳол мо кӯшиш мекунем, ки табобат бароитон арзонтар афтад. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ тахмин дусад сомонӣ даркор.
-
Худатон ҷарроҳӣ мекунед ё каси дигар?
-
Каси дигар. Аввал беморро бояд ба ҷарроҳӣ тайёр кунем, барои ин як ҳафта лозим аст. Ҷарроҳ баъд маълум мешавад.
Амаки Абдураҳим бо профессор хайру хуш намуда, хона баргашт. Профессор ӯро то рӯи ҳавлии беморхона гуселонд.
Ёди рӯзҳои гузашта
Барои пурсидани аҳволи Беҳрӯз Ҳабибаю Кабир омаданд. Холаи Салима нав аз беморхона баргашта буд. Замира дар сари оташдон ҷунбуҷӯл дошт.
-
Нағз, ба ҳардуи шумо салом гуфт, — ба пурсиши Ҳабиба ҷавоб дод холаи Салима.
-
Дар палатаи чандум мехобад? — пурсид Кабир.
-
Шӯъбаи касалиҳои асаб, ошёнаи дуюм, палатаи ҳаштум. Лекин имрӯз наравед, ҳозир ман аз пешаш омадам. Рӯзи дигар равед, — гуфт холаи Салима ва дар чашмонаш ашк пайдо шуд. — Аз гуфти падараш барои табобати Беҳрӯз тахмин дусад сомонӣ даркор будааст. Ин қадар пул надорем мо, лекин ман гуфтам, ки майлаш, чӣ қадар лозим бошад, як бало карда ёфта медиҳем. Аз ягон кас қарз мегирем, агар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё