Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Як вақте буд, ки аз хона як духтараки хушрӯяк баромад, ҳама ҷоро рӯфта шир барин тоза кард, ҷомашӯӣ кард, хӯрок пухта, акнун ба сандуқ даромаданӣ шуд, ки кампир рафта, аз дасти духтар сахт дошту гуфт:
-
Ту инсӣ, ҷинсӣ, парии паризодӣ, одамӣ-одамизодӣ? Ту кӣ ҳастӣ?
-
Ман на инсам, на ҷинсам, на парию паризодаам, манам одаму одамизодам, - гуфт духтар.
Баъд кампир духтарро сар доду духтар ба кампир саргузашташро як ба як гуфта дод. Кампир хурсанд шуду гуфт:
- Ман як худам танҳо будам, духтар надоштам, ба Худо шукр, духтардор шудам, бемалол дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда гаштан гир, аз ҳамин рӯз ту духтари ман.
Аз мобайн чанд рӯзу сол гузашту писари подшоҳбача калон шуду вайро тӯй карданд. Тӯи калон шуд, духтарҳои шаҳр низ ба базм омаданд. Ҳама гуфтанд, ки кампири ҳамсоя ҳам як духтари нозанин дорад. Подшоҳбача кас фиристод, гирифта бурд. Базм сар шуд, рақсу бозӣ сар шуд, ҳар кас ҳунарашро нишон дод. Дар охир навбат ба духтар ҳам расид. Духтар дуторро гирифта, саргузашти худашро ғазал карда як ба як гуфт:
Қиссаи ман ҳамин аст, Дарди дилам чунин аст:
Буд замоне, ки ман Дилбари зебо будам, Ҳамсари шаҳзодае Гулбуну раъно будам.
Ҳар ду ҳам меҳрубон
То биравад хастагиаш Гул ба боғаш шудам, Гарчи сафедор шудам, Қоматам аз он надид, Сохта гаҳворае Аз буну бехам бурид.
Кӯдаки девзодаша

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё