Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
-
Лак, о Лак! Ман дар даҳлез як кӯзача равған дидам, хез ба ҷойҳои кафидаи девор мемолем.
-
Хӯб шудааст, Пак, хезед!
Ба даҳлез рафта, як хумча равған ёфта, гирифта даромаданду ба деворҳои хона аз боло то поён равған молиданд.
Кӯзачаро ба даҳлез бурда ду хуми калонро дида монданд.
-
Лак, Лак!
-
Ҷони Пак!
-
Ин духтарамон ақлаш ба ҳама чиз мерасад. Вай фикр кардааст, ки мо, падару модараш, аз роҳи дур чанг зер карда омадагӣ, оббозӣ карданамон лозим. Ана бин, ду хуми калон об тайёр карда мондааст. Биё оббозӣ кунем, хурсанд шавад.
-
Ба ақли духтарамон ҷонам фидо! Оббозӣ мекунем, хурсанд мешавад, - гуфт Пак.
Лаку Пак хумҳоро бардошта пеши ташноб оварда, оббозӣ карданд.
-
Аҷаб оби ширин! - гуфт Пак.
-
Оби ин ҷӯйҳо ширин будааст-дия! - гуфт Лак.
Лаку Пак оббозӣ карданду даромада хоб рафтанд.
Саҳар шуд. Офтоб баромад. Соҳибони хона болои суфаи рӯи ҳавлӣ қолини пату кӯрпачаҳои мулоим партофта, дастархон густурда, чой ҷӯшонда, тайёр карда монданд. Як дам нишастанд, ду дам нишастанд, як соат шуд, ҳеҷ не ки меҳмонон хеста бароянд. «Ба инҳо чӣ шуда бошад?» гуфта, рафта диданд, ки Лаку Пак ба кӯрпачаҳо часпида мондаанд. Чунон сахт часпидаанд, ки ҷунбида наметавонанд. Дар болояшон занбӯрҳо вижрос зада парида гаштаанд.
Соҳибони хона ҳайрон шуданду баъд фаҳмиданд, ки меҳмонашон об гуфта, аз сарашон ширинӣ рехтаанд.
Лаку Пакро як илоҷ карда аз кӯрпаҳо канда гирифтанду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё