Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
дароз кард. Дароз карда буд, ки албастӣ дасташро дошта гирифту бардошта ба халтааш андохта, ба китфаш партофта рафт.
Албастӣ ба ҳавлиаш расида, халтаро як сӯ монду ба дег равған андохта, олав кард.
Вай олав карда истода буд, ки бача халтаро шикоф карда берун шуду тохта рафта, ба болои сафедор баромад.
Кампир омада, ба халта нигоҳ карда дид, ки бача нест. Ин тарафро кофт, он тарафро кофт, дар ҳеҷ ҷо наёфт.
- Писарҷон, о писарҷон, куҷо рафтӣ? – пурсид кампир.
Бача аз болои сафедор гуфт:
- Ман дар ин ҷо, албастиҷон, сарата боло бардор, чашмата калон кушо, мебинӣ, ки ман дар куҷо.
Албастӣ дид, ки бача дар шохи аз ҳама баланди дарахт пойҳояшро бозӣ доқонда шиштааст.
-
Писарҷон, ба он ҷо чӣ хел баромардӣ?
-
Бели оҳанипро тафсондам, ба рӯяш шиштам, бел боло парид, худро дар болои дарахт дидам, - ҷавоб дод бача.
-
Ин кори осон будааст-ку! – гуфта албастӣ бели оҳанипро тафсонду ба рӯяш савор шуда буд, ки сӯхта мурд.
Бачаи зирак бо ин тадбир ҳам худаш, ҳам дарахташро аз албастӣ халос карду шоду хуррам зардолу хӯрда, зиндагӣ карда гашт.
МОҲИГИРИ ҲОЗИРҶАВОБ
Марди моҳигире буд. Рӯзе ба тӯраш моҳие афтод, ки мисли тилло барқ мезад. Моҳиро бурда ба подшоҳ тақдим

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё