Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
— Ман, ҷӯраҷон, ман... Шумо нағз, бачаҳо дуруст, янгаам сиҳат-саломат?
— Шумо кӣ?
— Ман? Ман... Ҳа воқеан, тамоман саломат шуда рафтед? Хайрият-е...
— Шумо кӣ мегӯям?
— Ман, хӯ порсол аз курорт дар як вагон омада будем-ку. Даррав фаромӯш кардед?
— Ошнои бисёре дорам, намедонам кадом яктон он бошед. Аз оҳанги гапатон Хушомадхӯҷа барин.
— Бале, бале, ёфтед, худди худаш. Ҷӯраҷон, соли наватон муборак шавад, ба янгаам табрики маро расонед. Ҳа, воқеан, имрӯз мо аз гӯшаи хотири ҷанобашон баромада мондагӣ барин, наход, ки моро... фаромӯш...
— Як шумо не, мисли шумо бисёру касу нокасро хабар накардаем ва инро лоиқ ҳам надонистем. «Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз» гуфтаанд. Ана, ҳамаи меҳмонҳо бо як овоз гуфта истодаанд, ки «мо аз Хушомадхӯҷа безорем...».
— Наход... Наход...— Хушомадхӯҷа ҳанӯз суханашро тамом накарда буд, ки Хорпуштак гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошт ва худ ба худ гуфт: «Аз инҳо тамоман безор шудам, ба ман на рӯз ором медиҳанд ва на шаб!»
Сонияе нагузашта, боз телефон чирингос зад.
— Ошно, Тӯҳматшоев гап мезанад!
— Ҳа, чӣ хизмат?
— Аввало ба ман гӯед, ки барои чӣ маро ба шаби соли нав хабар накардед? Сониян, барои чӣ ошнобозӣ карда, ҳамаи ҷӯраҳоятонро ҷеғ задед!
— Аввало ҳамин, ки шумо ба ин гуна эҳтиром лоиқ нестед, сониян ҳамин ки ин кори шумо не!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё