Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Ҷавоб. Онҳо хеле бисёранд: дар Тошкент «Муштум», дар Киев — «Перец», дар Боку — «Кирпи», дар Тифлис — «Нианги», дар Ереван — «Возни», дар Минск — «Вожик», дар Қазон — «Чаён», дар Алма-ато — «Ара», хулоса дар ҳар республика якто-дуто ҷигаргӯша дорам. Илова бар он дар хоки худи Тоҷикистон додар ва хоҳарони сершумори ширхора, аз ҷумла дар Ленинобод — «Анбӯр», дар Душанбе «Занбӯр», «Чайра» ва дигарон ҳастанд, ки ҳамаи онҳо бо ман аз як гиребон сар бароварда кор мебаранд. Ғайр аз он дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҷияну ҷиянбачаҳои бовафо дорам.

Савол. Дар бораи гузаштагонат каме нақл мекардӣ.

Ҷавоб. Дар Тоҷикистон қабл аз ман ҳам паҳлавонони найзадасти ҷабҳаи ҳаҷв будаанд. Дар соли 1932 дар пойтахти республикаамон «Қалтак» ном журнали ҳаҷвӣ мебаромад. Вай умри дароз надида бошад ҳам, барои душмани синфӣ, дороён, хурофотпарастон марги муфоҷот буд.

Савол. Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ба дунё омаданат бо овози баланд изҳор карда будӣ, ки бар зидди лавандҳо, ошнобозҳо, хушомадгӯйҳо, танбалу коргурезҳо, даҳонъялаҳо, дурӯяю серӯяҳо, лаққиву хиёнаткорҳо беамон мубориза мебарӣ. Ҳатто навишта будӣ ки:

Хорпуштак шуд ба майдон, пӯшт-пӯшт!
Камбудиҳо шав гурезон, пӯшт-пӯшт!

Хоҳишмандем аз иҷрои ҳамин ваъда каме мелаққидӣ.

Ҷавоб. Дар моҳи маи соли ҷорӣ синни ман ба нӯҳ мерасад. Дар ин муддат шогирду шогирдпешаҳо, дастёру дастёрчаҳои бисёре ба камол расиданд. Ин шербачаҳо ҳозир рӯзе сӣ-ҷилтагӣ мактуб навишта,

пешина
аз 144
навбатӣ