Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

Муҳаммадрасули Раҷаби Иброҳимзода зодаи шаҳри Ваҳдат мебошад. Ӯ донишгоҳи миллиро бо муваффақият хатм карда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст.

Тӯли солиёни зиёдест, ки роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти бобояш - Орифи, табиби машҳур ва олими ҳамадон Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳи Сурҳиёнӣ маводи фаровон гирд оварда тадқиқоти илмӣ анҷом медиҳад. Бар асари заҳматҳо ва бедорхобиҳояш китобҳои арзишманди «Офтоби паси абрҳо», «Панди авлиё», «Гулчин аз тибби мавло ба сад дард даво», «Моҷарои ишқи духтари курд», «Васияти пеш аз марг», «Ситораҳои пурҷилло», «Мизони давр», «Алами қалам», «Аз Ромит то ба Бухорою Дарвоз», «Қатрае аз тибби Набавӣ (с)», «Шаҳди шифо» рӯйи саҳфа омада, борҳо аз нав ба табъ расидаву дастраси хонандагони гиромӣ гардидаанд. Имрӯзҳо ҳазорҳо ҳаводору ихлосмандони каломи бадеъ аз пайи ҷустуҷӯи дарёфти ин китобҳо ҳастанд. Ин аз бузургии Ҳазрати Мавлавӣ ва истеъдоди худододи муаллиф гувоҳӣ медиҳад.

Муҳаммадрасули Иброҳимзода соли 2010 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, чор маротиба ба тавофи хонаи Худо мушарраф гардид. Ӯ дорандаи иҷozatномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамзамон нозири калони шуъбаи ба танзим даровардани табибони халқӣ, дар назди маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ мебошад. Дар айни ҳол ба табобати маризон машғул аст. Ба ақидаи банда китобҳои «Шаҳди шифо» ва «Сад дармони дардҳои шумо» яке аз беҳтарин асарҳои тибби мардумӣ ба шумор меравад.

Садҳо беморони вазнин аз табобатҳои Ӯ шифои комилу оҷил ёфтаанд.

Юсуф Нуралиев, Доктори илмҳои тиб, профессор.

пешина
аз 69