Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ХОСИЯТИ АЛПАБОДИЁН (БОДИЁН)
Абӯалӣ ибни Сино ва дигар табибони бузурги ниёгонамон хусусиятҳои шифои ин рустаниро тавсиф кардаанд.
Аз нигоштаҳои онҳо маълум мегардад, ки бодиён шири модаронро зиёд менамояд. Обравии чашмро нест карда, гавҳараки чашмро васеъ намуда, биноиро зиёд мекунад. (Шарбати онро дар чашм мечаконанд).
Ҷигар: Агар як қошуқча хокаи бодиёнро рӯзе 2 ё 3 маротиба бо оби анор омехта карда истеъмол кунед. Зарпарвин, варами ҷигар, гепатити «А», «Б» ва «С»-ро нест мекунад. Иншоаллоҳ дар давоми аз 3 то ба 30 рӯз шифо мебахшад.
Алпабодиён барои: Варами гурда, санги гурда ва оби гурда давои хубест.
Он: Захмҳои меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта, бодҳои рӯдаҳоро ва ҳазми хӯрокро шифо бахшида, нерӯро мустаҳкам мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё