Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ

Кушода чеҳра субҳи дилкашу испеди Истиқлол,

Расонад муждаи суру сурури Иди Истиқлол.

Ҳазорон орзу гулрез гашта, чун баҳори сабз,

Миёни синаи пурмеҳр аз уммеди Истиқлол.

Ҷаҳоне дар ҷаҳони мост пурфайзу сахо, ёрон,

Агар бинӣ ҷаҳони пирро бо диди Истиқлол.

Ҷамоли офтобӣ, тинате аз кибриё дорад,

Ба чашми дил агар созӣ назар бар шеди Истиқлол.

Ба лутфи Эзиду иқболи миллат , ай хушо, имрўз

Зиёву нур резад бар Ватан Хуршеди Истиқлол.

Ба дунёи саодат парфишон хоҳам ба фарқи сар,

Барои миллати худ Парчами ҷовиди Истиқлол.

Ба меҳроби садоқат дар тавофам аз саҳар то шом,

Намоям саҷдаи шукрона бар Даршеди Истиқлол.

Бақою умри нав бахшид истиқлоли мо моро,

Муборак бод рўзу соати тавлиди Истиқлол.

Ҳабиб СУЛАЙМОНӢ

ТОҶИКИСТОН

Ман намакхўрда зи ҳар хони туям,

Ҳамчу меҳмон ба сари хони туям.

Ҳар гиёҳат, ки парастам ба ҳавас,

Ошиқи боғу гулистони туям.

Тоҷикистон Ватанам,з-они туям,

То абад ёру нигаҳбони туям.

Субҳи оғўши баҳорони туям,

Олами шеъраму дастони туям.

Ошиқам қатраи борони туро,

Мавҷи дарёи Зарафшони туям.

Тоҷикистон Ватанам, з-они туям,

То абад ёру нигаҳбони туям.

Дард агар ҳаст, чу дармони туям,

Як кафи хоки кўҳистони туям.

Дар ҳавоят пару болам ки кушод,

Ҷонфидо дар сари фармони туям.

Тоҷикистон Ватанам, з-они туям,

То абад ёру нигаҳбони туям.

Ҳамчу фарзанди вафодори туям,

Ҳар куҷоям, чу харидори туям.

Васфи зебои туро охир нест,

Ман Ҳабибам, ки ба гуфтори туям.

Тоҷикистон Ватанам, з-они туям,

То абад ёру нигаҳбони туям.

ТОҶИКАМ

Тоҷикам, аз Тоҷикистон,

Решапайванди Зарафшон.

Фахри ман–фахри Бадахшон,

Ҳам Хуҷанду Рашту Хатлон.

Тоҷикам, аз Тоҷикистон,

Тоҷи имон, тоҷи инсон.

Обу хокат–дарду дармон,

Меҳри покат–қуввати ҷон.

Резасангат–нури чашмон,

Сарзаминат–кони армон.

Тоҷикам, аз Тоҷикистон,

Тоҷи имон, тоҷи инсон.

Эй ҷавонон, эй ҷавонон,

Пиру барно, ҳамзамонон.

«Тоҷикам ман» гуфта, фахред,

Тоҷи давру тоҷи даврон.

Тоҷикам, аз Тоҷикистон,

Тоҷи имон, тоҷи инсон.

Ҳар куҷо қавми парешон,

Бош бо ҳам якдилу ҷон.

Ин ҷаҳон нозат ба номат,

Рас ба қадри насли Сомон.

Тоҷикам, аз Тоҷикистон,

Тоҷи имон, тоҷи инсон.

Назокат ОЛИМЗОДА

ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

Тоҷикистон азизам, ориёфар миллатам,

Сарзамини бегазандам, олами баҳру барам.

Чашми дилро во намудам баски дар оғўши ту

Ҷовидонӣ сарпаноҳам, ҷовидона модарам.

Гармии хунам, тапиданҳои ҷон аз ишқи туст,

Тоҷикистон, сарвосо соябонӣ бар сарам.

Хоку сангу сабзаву обу ҳавоят ҳамдилам,

Эй биҳишти дар заминам, раҳнамову раҳбарам.

Дар дили хурди ту меҳри халқи олам ҷо шудаст,

Номи ту вирди забони ҷумла миллатҳо шудаст.

Гашта мероси ниёгон ифтихорат, эй Ватан,

Тоҷики бонанги ман тоҷи сари дунё шудаст.

Тоҷикистон, хонаи меҳру таманно, зинда бош,

Соҳиби иқбол гаштӣ, хурраму фархунда бош.

Коми моро меваи сулҳи ту ширинтар кунад,

Тоҷикистон, бар сари мо то абад поянда бош!

ПАРЧАМИ МЕҲР

Худшиносият муборак, Тоҷикистон,

Хешро дарёфтӣ чун Оли Сомон.

Парчами меҳрат ба гардунҳо расонем,

Ҳамчу фарзанди банангат, модари ҷон.

Худшиносият муборак, Тоҷикистон,

Як ҷаҳон мерос дорӣ аз ниёгон.

Ту ба рағми қисмати худ мард будӣ,

Тоҷу тахтатро ту овардӣ ба сомон.

Худшиносият муборак, Тоҷикистон,

Карда ҷо дар синаат қавми парешон.

Якзабону якдилу якрўй бошанд

Рашту Хатлону Зарафшону Бадахшон.

Худшиносият муборак, Тоҷикистон,

Хуштар аз бахтат касеро нест армон.

Тахт бар ҷо, тоҷ бар сар ҷовидон зӣ,

Кардаӣ пайдо ба олам шўҳрату шон.

Худшиносият муборак, Тоҷикистон!

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Ту истиқлол дорӣ, Тоҷикистон,

Аҷаб иқбол дорӣ, Тоҷикистон.

Дар оғўшат гирифтию чу модар

Маро хушҳол дорӣ, Тоҷикистон.

Ватан ҳастӣ бароям, шукр гўям,

Туро танҳо сароям, шукр гўям.

Заминат зарфишон, оби ту шахд аст,

Ба хуршеди самоям шукр гўям.

Ватан–кошонаи ман, хонаи ман,

Ирамбоғӣ дар ин афсонаи ман.

Туро дорам, чи ғам дорам ба дунё,

Ба бахти миллати фарзонаи ман.

Ватан, номи ту шуд вирди забонҳо,

Баландайвонӣ ту аз осмонҳо.

Намояд ифтихор аз ту Ватандор,

Бизӣ ту ҷовидон, то ҷовидонҳо.

пешина
аз 63
навбатӣ