Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданАлҳол дар болои теппаи ин шаҳри бостонӣ осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҷойгир аст. Ҳаловард маркази мулки асримиёнагии Вахш буда, дар наздикии маркази ноҳияи Колхозобод (ҳоло ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) воқеъ гардида буд ва харобаҳои он бо номи Кофирқалъа дар байни мардум ва маъхазҳои илми бостоншиносӣ роиҷ аст.
- Ҳаловард – ноҳияи кунунии Колхозобод, ки ба муносибати 800-солагии мутафаккири бузург Ҷалолиддини Румӣ номгузорӣ шуд.
Дар сарчашмаҳои таърихии минбаъда низ дар бораи Вахш маълумоти фаровон зикр гардидааст. Аз ҷумла ахбори олими маъруфи тоҷик Абӯрайҳони Беруниро дар ин бора аз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар боло овардем. Дар аксар луғатҳои тафсирии қадими форсӣ, аз ҷумла «Бурҳони қотеъ» ва «Ғиёс-ул-луғот» роҷеъ ба Вахшонзамин ва рӯди Вахш маълумоти арзишманд дода шудааст.
Номи Вахш дар осори адабӣ низ ба чашм мерасад. Бисёр адибони гузаштаи форсу тоҷик, амсоли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Шокири Бухороӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигарон дар осори худ ин сарзамини бостониро зикр кардаанд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мулки Вахш дар гузашта ободу маъмур буда, дар байни илму адаб шуҳрати зиёд доштааст.
Таърих гувоҳ аст, ки Вахшонзамин аз замонҳои қадим то қарни сездаҳи милодӣ водии ободу маъмур ва сарсабз будааст. Ковишҳои бостоншиносӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки мулки Вахш қисмати таркибии Бохтар ё худ Тахористони қадим ба шумор рафта, дар замони давлатдории Бохтар, Юнону Бохтар, Кушониён, Ҳайтолиён, Хилофати Исломӣ, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён яке аз сарзаминҳои ободу сернуфузи Бохтарзамин ба ҳисоб мерафт. Дар ин водӣ шаҳрҳои бузургу дорои тамаддуни олӣ ва пешрафта арзи вуҷуд намуда буд. Шаҳрҳои Вахшгирд, Вахш, Кайқубодшоҳ, Навдиз, Шаҳритӯс, Айваҷ*, Ҳаловард, Леваканд ва ғайра аз таърихи куҳан ва тамаддуни ғании ин мулки бостонӣ шаҳодат медиҳанд. Олимони бостоншинос дар замони Шӯравӣ дар харобаҳои шаҳрҳои мазкур ҳафриёт гузаронида, осори зиёди гаронбаҳои моддӣ ва маънавӣ пайдо намуданд. Ба ин ёдгориҳои таърихии Тахти Қубод, Қалъаи Мир, Теппаи Шоҳ, Тахти Сангин, Кайқубодшоҳ, Бешкентқалъа, Кофирқалъа, Қалъаи Золи Зар, Аҷинатеппа, Уштурмулло, Мунчоқтеппа, дайри будоии мағокии Хоҷамастон ва ғайра мисоли равшан аст. Чунон ки ёдовар шудем, пойтахти асримиёнагии мулки Вахш – шаҳри Ҳаловард дар наздикии маркази ноҳияи Колхозобод (алҳол ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) воқеъ гардида буд ва харобаҳои он бо номи Кофирқалъа машҳур аст. Баъди футуҳот ва густариши дини ислом маркази мулки Вахш ба мавзеи Узуни ҳамин ноҳия интиқол ёфт ва дар сарчашмаҳои таърихӣ низ бо исми Ҳаловард ёд мешавад. Дар ин шаҳр дар қарнҳои ёздаҳу дувоздаҳи милодӣ тангаҳои тиллоӣ сикка зада мешуданд, ки дар болои онҳо бо ҳуруфи арабӣ калимаи «Вахш» сабт гардида буд. Ин шаҳр низ дар замони истилои муғул батамом вайрону хароб гардид ва боқимондаи он имрӯз бо номи қалъаи Золи Зар дар байни мардум машҳур аст. Сокинони аслӣ ва бумии ин сарзамин бохтариёни қадим буданд, ки дар ташаккули халқи тоҷик нақши бузург бозидаанд. - Айваҷ – шакли кӯтоҳшудаи сарзамини Арайнавайҷаи (Эронвичи) бостонӣ – ватани нахустини ақвоми ориёӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор