Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
Ва ё дар шеъри чаҳорпораи «Дар канори баҳорат…» мехонем:
Ёдат ояд магар, ай ёд, ки ёдам бо туст,
Бин, чӣ ҳолест маро аз ту ҷудо афтода!
Дар бораи суханофаринии Муфаззал танҳо онро зикр мекунам, ки ӯ оҳанги ҳар воқеаро бисёр хуб эҳсос мекунад ва аз ҳамин сабаб шеъраш бисёр равон, хушоҳанг ва хотирнишин аст. Таркиби шеъраш маҳкам, суханаш истеҳкоми қавӣ дорад. Ҳамин чанд мисоле, ки дар боло овардам, муштест нишонаи хирвор. Хонандаи хушхон баъди мутолиаи маҷмӯа, иншооллоҳ, ба чунин хулоса хоҳад омад.
Дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки Муфаззал хеле дер ин китоби шеъри худро чоп мекунад. Аммо бовар дорам, ки чунин иқдоми ӯ аз он сар назадааст, ки имрӯз ба табъ расонидани навиштаҳо барои ҳар хоҳишманду булҳавас бисёр осон гардидааст.
Муфаззали Аҷамрод чизи гуфтанӣ дорад ва садояш ба шунуфтан меарзад!
ГУЛНАЗАР,
Шоири халқии Тоҷикистон ОРИФОНА
Шеъри орифона ойинаи қудсӣ ва каломи малакутист. Ҳар касе, ки андар хаёл мафоҳими мубҳам ва андар замир алфози номавзун пиндошта, ба ин ойинаи мусаффо назар меафканад, онро доғдор мегардонад ва зинҳор, мутафаккир дар ҳисоб намеравад.
ХАЁЛАТ, АЙ ТАҶАЛЛӢ…
Хаёлат, ай таҷаллӣ, бодапарвар мекунад моро,
Миёни ҷумлаи ушшоқ сарвар мекунад моро.
Бузургони хирад умре мақоми васл меҷустанд,
Бар эшон раҳнамойи қутбу раҳбар мекунад моро.
Ниҳоле, к-андар ин боғи муҳаббат руста аз ҷонам,
Ба фарҷоми таманно шоду мусмар мекунад моро.
Замоне гар убури соҳили дарё муаммо буд,
Кунун оҳанги дидорат шиновар мекунад моро.
Гирифтам домани Аттору дасти Мавлавӣ маҳкам,
Ки ҳар алломае бишнуфт, бовар мекунад моро.
Муфаззал, шеъри мо дар маҷлиси хубон агар афтад,
Тавофи сад лисоне қанду шаккар мекунад моро.
ҒАЗАЛИ ОРИФ
Кӯйи ту меравад дилам, «Аҳлану марҳабо» бигӯ,
Хезу расули бандаро «Дӯст, биё, биё» бигӯ!
Ишқу умеду орзу мебарадат зи номи ман,
Қосиди хушпаёмро ҳарфи хушу сазо бигӯ!
Каъбаи манзилат намо, зайфи худӣ ҳамерасад,
Хони муҳаббатат кушо, аз караму сахо бигӯ!
Нағмаи дилкушо бизан бо ҳама ёру ёварат,
Шод шаву ғазал саро, аз тарабу наво бигӯ!
Ҷони ман аст ин сафир, ҳам ту варо азиз гир,
Ҳадя ба ин мусофират пардаи сад садо бигӯ!
Моҳ мунаввар аз туе, шамс пуранвар аз туе,
Қиссаи ишқу ошиқӣ аз ҳарами само бигӯ!
То абадам намеравад дил зи диёри ту бурун,
Баски Муфаззали туям, фазл бикун, дуо бигӯ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор