Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

II
Ба номи Яздон 1. Ба адлу дин рафтан. 2. Падару модар наозурдан. 3. Созиши нек бо бародарону дӯстон ва хешону наздикон (кардан), бо онҳо пайвастан, нигаҳбони занони онон будан. 4. Ба дороии кирдори нек дар кушиш будан. 5. Ҳар рӯз бо хештан шумор кардан, ки имрӯз чӣ суду чӣ зиён (овардам), чӣ кори некӯ чӣ гуноҳ (кардам) ва чанд ба роҳи нек ва чанд ба роҳи бад (рафтам), чунки гетӣ сипанҷи якрӯзаро монад ва ҷовидон он ҷой бояд будан. 6. Ба кирдори нек ва гуноҳ дар шумор бошед. 7. Чунки ҳар киро кирдори нек беш аз гуноҳ бувад, Сурӯши росткирдор дасташ гирад ва ба биҳишт кашад. 8. Он киро, ки гуноҳ беш аз кирдори нек бувад, деви Визарш дасташ гирад ва ба дӯзах кашад. Чун бигирянд, набахшанд ва чун бонг кунанд, нашнаберанд.
9. Вопасин паноҳи ту кирдори туст. Анҷомид ба дуруду шодӣ ва ромиш.
III
Ба номи Яздон 1. Дардманд аст он ки хирад надорад. 2. Ранҷур аст, он ки зан надорад.
3. Беном аст, он ки фарзанд надорад. 4. Беарзиш аст, он ки мол надорад. 5. Суст аст, он ки кас надорад. 6. Аз ин ҳама он бадтар, ки равон надорад. Анҷомид.
IV
Ба номи Яздон 1. Доноиро ҳамто нест. 2. Зиёнкорро ном нест. 3. Гетиро поиш нест. 4. Мардонагиро нозиш нест. 5. Молро ситоиш нест. 6. Зиндагиро оромиш нест. 7. Пириро дору нест, маргро чора нест. 8. Занонро хирад нест. 9. Худоро анбоз нест. 10. Ва аз ҳамаи ин бадтар он ки бигӯяд: Худо аз ӯ хушнуд нест. 11. Ва ҳаркиро Худо аз ӯ хушнуд нест, ӯро андар биҳишти бомӣ ҷой нест. Анҷомид ба дуруду шодӣ ва ромиш.
АНДАРЗИ МАРДИ ДОНО
БА ПИСАРИ ХЕШ
Марди доно ба писари хеш андарзу фарҳанг
(омӯзиш) кард ва фармуд, ки:

  1. Писарам, бегуноҳ бош, то бебим бошӣ. 2. Сипосдор бош, то арҷманд бошӣ. 3. Парастор бош, то захира беш дошта бошӣ. 4. Бурдбор бош, то дӯсти некон бошӣ. 5. Хурсанд (қонеъ) ва шикебо бош, то дӯст бештар дошта бошӣ.
  2. Аз мардуми бадбин чунин парҳез, ки аз Аҳримани дурӯғпеша, ки ба гетӣ бадӣ кардааст.
  3. Аз паси виростани хони хеш рав, на аз паси хостани хони касон. Чун андак виростани хони хеш беҳтар аз бисёр хостани хони касон .
  4. Фурӯтан, нармсухан ва мардумдӯст . 9. Бо ҳар кас созгор бош, то аз пас айбат накунанд. 10. Ба ҳангоми он ҷой нишин, ки дастат гиранд ба боло кашанд, на он ҷой нишин, ки поят гиранд фуру кашанд.
  5. Дар зиёфат пайкор макун. 12. Барои ҷоҳ макуш. 13. Дар чашми ҳама чизе гарав манеҳ. 14. Бандаву парастору сутур аз рӯи гумон (тахмин) махар. 15. Май ба андоза хӯр. 16. Дар хӯрдани май сухан ба андоза гӯй. 17. Ба хештан ба айбу ҳунар нигар. 18. Аз рӯи хирад гӯӣ, чун ки ба рост . 19. Гуноҳи аз беандоза хӯрдани май... 20. Ба андарзу сиголиш ба хешовандон... 21. Бо дӯстон ягонагӣ . 22. Ба дастури хеш зан гир. 23. Бо ҳарисон дар сури мардум хӯриш махӯр. 24. ...чи ҳама некон аз... бартар пиндоранд. 25. Бо солорону подшоҳон яке бо ду макун. 26. Чи ... он беҳтар, ки худ харанд, он ... диҳанд. 27. ... намоз бар. 28. Аз душман ба ҳар гоҳу замон бипарҳез, аз ӯ биандеш, душман пиндор. Бад-он гоҳ бештар бипарҳез, ки бас тавонгар аст.
пешина
аз 314
навбатӣ