Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 136 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 136 аз 470 · 3 ноябри 2026

Шиносам ҳаст, гуфта рафт, касе гапашро нагирифт... Акнун ман чӣ кунам? Гўсолабонӣ? Амаки Муҳаммадмурод пир шудаанд, гўсолаҳоро саришта карда наметавонанд, мегўянд. Хайр чӣ? Дар ҳамин овул як ман? Дигарон кардан гиранд... Ё гумон мекунанд, ки одамони нодору миёнаҳол як умр деҳқониву чўпонӣ кунанд. Не, ин хел гапу гапчаҳоро об бурд... Ҳарчанд панҷ ангушт баробар нест, дар замони мо ҳама баробарҳуқуқ, ҳар кор хоҳад, мекунад, фақат хиёнат набошад...
Ана акнун омада-омада, ман гўсолабон мешудаам... Ҳамаро монаму дум ба думи гўсолаҳо гардам... Буду шуди дарсҳои омўхтаам ҳам фаромўш шаванд. Баъд соли оянда бароӣ «сафедорҳо» не, барои нодониам, барои ҳатўлиам баргашта меоям. Он вақт ягон баҳона нест... Як сол ҳел-ҳел гардам, худ аз худ ҳама чиз аз ёдам меравад...»
— Валӣ! Ҳооо, Валӣ! – фарёди Ҳаким баромад. Чанд сангча дар даст парида хест. Баъд сангчаҳоро ба оби рўд андохта сўи овул тохт.
— Салом, додо, мондаҳо!
— Бале!
— Ҷеғ задед?
— Ҳа... – ҷавоб дод Ҳаким ва хомўш монд. Валӣ назди хари бўр рафта ресмони рўкашро кушод ва ҳезумро фаровард.
— Валиҷон?
— Лаббай!
— Ман ҳезумчиҳоро дидам, муаллима-холаат таъин кардааст, ки Валӣ зуд расида биёяд.
— Мактаб? – ҳаяҷонашро боздошта натавониста пурсид Валӣ.
— Намедонам... Шояд кори ферма бошад.
— Кори ферма бе ман ҳам мешавад.
— Мактаб ҳам бе ту мегузарад, писарам, – аз коза баромада гуфт Бону.
— Хайр, тохта рав канӣ, – ба ишораи сар роҳи деҳаро нишон дода гуфт Ҳаким. Бону ба Ҳаким бад-бад нигоҳ карда, ғур-ғуркунон лаби об фаромад. Аз чашмонаш ва нигоҳаш аён буд, ки тоқати ҷудоӣ надорад.

18

Моҳест, ки Валӣ ба овул барнагаштааст. Дар ин муддат мардум ҳезумҳои ҷамъоварда, саргинҳои хушк ва ҳар ҷо-ҳар ҷо тўб кардаашон, дегу чойҷўшҳои нодаркор ва лашулушҳоро ба деҳа бурданд... Охирин бор гуппӣ заданд ва ҳоло интизоранд, ки қурутҳои рўи секучак хушк шавад. Ашўра Валиро ба омўзишгоҳ қабул кунонидааст, вале шунавандаи ихтиёрӣ. Озод. Ним сол.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан