— Барои чӣ?
— Дар вақташ ба ҷону ҳолам намонда, фермаро ба сарам бор карда, ҳамаи ҷамарғааш (хароҷоту ташвиш) ба сари ман гуфта буд.
Акнун барои хошок ҷамъ кардан одам пурсам, одамони ферма мекунанд мегўяд. Писарони Ҳаким бас мегўяд...
— Гуфтам! Валиро намонед, нагуфтам?! – боз худро ғолиб пиндошта партофт Бону.
— Хап шин, масъала дигар... Рост гуфтааст, хуҳарам, – ба Ашўра рў овард ў, – рост, аз ин масъала ташвиш накаш. Ман ҳастам. Аливу Ғанӣ бекор. Лозим шавад, занҳо мебароянд. Шукри беҳад, худамон як фўрма.. Хафа нашав, хуҳарам-муаллима, лозим шавад, худи раис ҳам хошок ҷамъ мекунад, лекин суст набиё,
– маслиҳат дод Ҳаким ва ба Бону нигариста масъаларо ба ҳазл гардонд: – Ту ҳам шунидӣ?
Дар лабони Бону табассум дамид. Ашўра ҳам каме худро сабук ҳис кард....
Якбора фарёди Аливу Ғанӣ баромад ва аз байни овул садои гулдуроси бадвоҳима гузашт. Баччаҳо тарсида худро ба дари каппа заданд. Ҳаким тохта баромад. Гови ало буққа овардааст, тамоми буққаву буққачаҳо аз думболи вай кашол.
— Мардак, дигар дар берун хоб наравед, ки буққалоч зер карда мекушад, – аз рўи дилсўзӣ маслиҳат дод Бону.
Ҳаким ғурмчўбро бардошта баромад. Як буққаи сиёҳи гарданғафси бегона гови алоро соҳиб шуда пешандоз мебурд ва ақиб гашта ба навбастҳо ва буққаҳои аз худаш камзўр шох мезад. Вале буққаи зотии зардмў набуд. Буққачаҳо ҳар вақт ки чашми буққаи бегонаро хато карданд, фавран ба гови ало ҳуҷум меоварданд, модагов мегурехт ва гирдогирди овул буқалоч мешуд. Буққалоч гулдуррос зада қади обро нишеб шуд. Баъд аз торикии шаб тарсида модагов ба сўи овул баргашта омад.
Болотар аз овул садои наъраи буққаи зотӣ баромад. Вай намоён шуда, ба сўи овул лўкка гирифт. Мисли шере, ки бўи хуни бегонаро шунида бошад, наъра кашида, кўҳу дараро меларзонд. Гови ало магар имдодталаб шуда буд, ки худро ба сўи ҳомӣ зад.
Буққаи бегона наъраи буққаи зотиро шунида, ҷавоб гардонд, ва қариб рў ба рў омад. Буққаи бегона аввал гови зотиро писанд накарда аз паси гови ало гузаштанӣ шуд. Буққаи зотӣ дастак зад, пас мисли мошинҳои «Маз», ки вақти бозистодан «пуф» гуфта чанги хокро мебароранд, шох ба замин тир карда «пуф» гуфт.
Буққаи сиёҳ ҳам аз баҳри гови ало баромада ва ба ҷавоби рақиби худ дастак зада, сум-сум хок партофт. Пас сар хам карда «пуф...
пуф» гўён ҷангталаб шуд... Буққачаҳо ду паҳлавонро ба ҳоли худ монда, аз паҳлўяшон гузашта, аз паси гови ало тохтанд, акнун он ҷо хам як хунхўрӣ мешавад.





