Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 124 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 124 аз 470 · 3 ноябри 2026

тонаки он расонда буд, ки гов лағат андохт. Лағаташ ба сатил бархўрд ва сатил ба пои чапи Бону. Сатил ғелида ба рўи об рафт ва Бону пояшро дошта вовайло кард.
Қадрношиносии гов ба Алӣ алам кард ва ў асои Тўйчиро, ки ба каппа такя гузошта буд, гирифта башаст рафта, ба шохи гов зад.
Гов як хез кард ва баъд сар ҷунбонд. Ҳаким писарашро сарзаниш карда, асоро аз дасташ кашида гирифт ва рафта сару гардани говро дастмол кард: «Хафа нашав, вай беақл аст, – писарашро дар назар дошта ба гов гуфт ў, – аз ман ҳам хафа нашав, ки ба фўки баччаи ту сих бастам. Айби худат, бачета аз ҳад зиёд нағз мебинӣ. Ба худат одат кунондӣ. Бону мегўяд, ки феълаш гирад, шир намефарорад, нисфи ширашро барои баччааш нигоҳ медорад. Ту ин хел накун. Баччаат алаф намехўрад, як шир кифоя намекунад.
Баъд ту медонӣ, ки колхоз аноӣ нест. Дар ин ҷо одамҳои бекора нашиштаанд. Пагоҳ ҳисобчӣ ҳам меомадааст. Акнун кадом гов чӣ қадар шир медиҳад ва кӣ чӣ қадар шир медўшад, ҳамаашро ҳисоб мекунад. Он гоҳ ба ту нағз намешавад. Шартӣ ба гўшт месупоранд. Аз ҳамин рўзат ҳам мемонӣ. Ту бо одамизод ҳазл накун.
Ў чунон махлуқи доност, ки очаи зоратро нишон медиҳад... Ту гумон мекунӣ, ки Бону туро ба ҳамин ҳол мемонад. Не-е-е, чунон қаврунашро гардонад, ки нафаҳмида монӣ. Дигар ин хел накун, хайр? Ту нағзиҳои ўро фаромўш накун, Ало...»
Гов боз «ҳумм» гуфт. Маълум набуд, ки аз дард нола кард ё баччаашро ҷеғ зад ва ё ба гапи Ҳаким ҷавоб дод.
Алӣ дартоз рафта сатилро аз об дошта овард ва ба модараш дод. Бону қоматашро рост карда хест, ба назди гов омад.
— Назан! – хоҳиш кард Ҳаким.
Бону даст дароз карда аз гўши гов дошт ва сағриву гарданашро хору мол кард.
«Ба ту чӣ шуд? Хафа шудӣ? Ҳоло ист, ман асои Алиро гирифта, майда-майда мекунам. Ту ҳам нағз накардӣ... Ман азоб намедодам. Беҳуда тарсидӣ, ана бин, чӣ хел, – оҳиста-оҳиста ба замин нишаста гуфт ў ва сатилро байни ду зонуаш дошт,– ана дидӣ, озор намедиҳад. Моли асил, ҳеше-ҳеше-ҳеше...»
Гов боз пояшро бардошт.
«Ин хел не-дия, набошад, ман ҳам қаҳр мекунам. Ман аз ту хафа нашудам-ку! Хап ист. Ҳеше-ҳеше, алоякам, ҳеше, асалакам, ҳеше, ширинакам, ҳеше, ҳеше, ҳеше, моли асил, ҳеше...»
Баъд садои ба сатил бархўрдани шир ғолиб омад. Гов ором шуд. Бону ҳам хомўш гашт. Шир дар сатил кафк кард.
«Ало, ту бачетро нағз мебинӣ, ширатро боз нигоҳ доштӣ. Баҳона накун, гумон мекунӣ, ки ман намедонам. Наҳорӣ накарда бошӣ ҳам, ту сершир...» - таъриф кард Бону, баъд фармуд, ки гўсоларо биёранд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан