— Ааа, фўма?
— Ҷим, умедхушкшуда, ҷим!
— Акаи Тўйчӣ! – аз дари каппа чеғ зад Ашўра.
— Фўрма чеғ доранд? – ба гўши шавҳараш сахт гуфт ў.
1
— Фўма? Аааа. Таом! Фо? – нарангушташро рост карда, гуфт ў.
— Ҳа, – сар ҷунбонд Ашўра ва ҳолпурсӣ кард. – Монда нашавед...
— Таомат.
— Дароед, ако, дам гиред
2
— Аа, бад-бад, ғув-ғув омин тава, бад.
— Хайр…
12
Ҳаким аз химчаи сиёҳдарахт сих тарошида, ба фўки гўсолаи дайду баст. Мисли кучан, ки ба гардани асп андозанд, аз зери фўкаш гузаронда, ба болои биниаш нўгҳои тезро рост карда баст, баъд ба гўсолаҳо не, ба пода ҳамроҳ кард. Гўсола аввал каме мулоҳиза карда ба бори зиёдатии фўкаш диққат дод, баъд аз обканд гузашта якбора ба сўи модараш тохт. Модараш аввал ўро хуш пешвоз гирифт. Баъде ки гўсола сахт шатта зад ва сихаш ба сина халид, дирик-дирик ҷаҳида, аз гўсола дур шуд ва дафъаи дигар баччаашро шох зад. Як рўзи дароз гўсола ба умеди шири модар аз паси ў давид, на шир хўрд ва на гузошт, ки модараш алаф хўрад. Тақдири баччаҳое, ки бўи шир аз даҳонашон нарафта худро баркамол пиндошта, бо ҳар роҳ модарро азоб диҳанд, ба сари ин гўсола омадааст. Гўё вай ор мекунад, ки ҳамроҳи гўсолаҳо равад ва худро ба пода задааст. Кадом рўз аз бетамизиаш аз кадом гови бадқаҳр як шох мехўраду ҳушаш ба ҷой меояд. Ягон ҷояш лат ёфта, чор-панҷ рўз дар офтоби гарми чайла боб шавад, қадри пои равону некиҳои гўсолабони куҳансолро мефаҳмад. Шояд баъд аз ин амаки Муҳаммадмурод ҳам «дайдуи лаънатӣ, аҷина барин аз чашм ғайб мезанад, агар дорам, ҳамин калтакро дар сари сахташ майда-майда мекунам» нагўяд. Шояд... Лекин ин хел ҳайвонҳо «пушти ману табари қассоб» гуфта, бероҳа мешаванд.
Бегоҳ. Пода омад. Ҳаким баромада, самараи амали худро дидан хост. Шиками очаву бачча ба камарашон часпида, кабурғаҳо барҷаста буданд. Гўсола мекалавид ва аз пистони гов хун мечакид.
Нўги сихҳо ҳам хунин. Гўсола ба модараш наздик шавад, гов мегурехт. «Ҳамин-дия, баччаи бетамиз дилбазан мешавад ва очаро
- – Хуб аст.
- Баъд медароям, говдўшӣ тамом шавад, баъд.





