Ҷо-ҷо жолаҳои бозмонда, об шуда, чакиданд. Ҳаври намадҳои сиёҳ баромад.
Ягон дусад қадам дуртар аз овул хари бўри Ҳаким ҳанг зад ва тез гашт.
Пои Бунафша хунук хўрд, ба каппа даромада ба рави эрганак пой монда баромад: «Додоҷонам омаданд» гуфта нағма кард.
Ғанӣ тохта лаҷоми аспи Ашўраро гирифт. Ашўра шинели тарро ба гардани асп партофт ва эҳтиёткорона аз асп фаромада ба назди Бону рафт.
— Ман мурам, Ашўраҷон, зуд назди алоб шинед! – саломро ҳам фаромўш карда гуфт Бону.
Ашўра кабуд гашта буд ва меларзид, назди оташдон нишаста ба оташ шибба партофт. Оташ хомўш шуда, дуд кард. Ашўра каме шиббаро бардошта буд, ки гуппӣ даргирифт. Танаш роҳат кард.
Бону аз дар ба Ҳаким нигарист: ў хўрҷини тарро бардошта меомад. Аз дар баромада, ҷуволи шип-шилтаро аз сари ў гирифта «ин чӣ азобу...» гуфта монд.
Ҳаким хандида, ба каппа даромад.
— Ассалому алайкум! – садои зане баромад, баъд аз дари каппа сар халонд. – Салом, фўрма!
— Салом, Зироатхон, дароед, – таклиф кард мудири ферма, ки аз ҳарорати оташ аз баданаш ҳавр мебаромад.
— Не, корам ҳаст, фўрмаҷон, ягон хўрок пазам, ҳамин замон пода ҳам меояд.
— Тут хўред, – таклиф кард Ҳаким, сатилро аз чашми хўрҷин бароварда.
— Тут? Беҳтарин неъмати парвардигор... – эрганакро кушода даромад ў.
Як лаҳза каппаро хомўшӣ фаро гирифт. Садои рўд меомад. Гўё пас аз жолаву борон тамоми паранда ва ҷонварон парида рафта буданд, садое набуд. Зироат муддате нишаст.
— Ба оташ наздик шинед, – таклиф кард Ашўра.
— Ман гарм, – ба Ашўра табассум карда гуфт Зироат. Ҳаким берун баромад. Ҳаво кушода, дар теғаи Бурснова зардии офтоб намудор шуда буд.
Гўсолабон гўсолаҳоро ҳай карда омад. Мўи гўсолаҳо ба баданашон часпида ва ҷўя-ҷўя шуда буданд. Гўсолаҳои нимҷон меларзиданд.
Болотар аз овул баъ-бўъи пода баромад ва аз хамгашт аввал гови навзоди кабуд намудор гашта, баччаашро садо кард. Гўсолаи ҳафтрўза аз чайла ҷавоб гардонд. Баъд гов давида худро ба чайла зад. Бону то расидани пода онро дўшид.
Фарёду ҷавоби гову гўсолаҳо дара ва овулро кўчонд.
Имрўз ҳам гўсолаи дайду чашми гўсолабонро хато карда, гурехта ба пода рафтааст. Пистони гови ало мисли лиф кашол аст ва гўсола ҳаваси шир ҳам надорад.





