Ва аз теппаҳои пайиҳами Бурснова Санги Сипарро лесида фаромадани оби чашма баръало намоён аст. Шамол садои оби сойро пасту баланд меорад ва кас гумон мекунад, ки ин садои ҳамон чашма аст, ки мисли камонак ба рўи торҳои ғижжак мелағзад.
Ҳаким ба писараш фармуд, ки дар назди каппайи аввал харҳоро боздорад. Ин сухани дуюме буд, ки Валӣ дар ин роҳи тўлонӣ аз падар шунид.
Аввал сагҳо ба пешвоз баромаданд ва пас ҳамчун одат тамоми овулакиҳо. Панҷ каппаву хиргоҳ рост шуда буд Аз болодасти овул хиргоҳи дигарро мезаданд.
Ҳаким бори харҳоро фароварда ба ёрии онҳо рафт. Устухони панҷарашакли хиргоҳро ба даври чаҳор мех кашида, сахт баста буданд. Баъд мардҳо қуббаи хиргоҳро ба нўги чаҳор амуд бардошта ҳар кадомро ба нўги чаҳор мехи атроф сахт бастанд, сипас нўги амудҳои дигарро ба комаҳои қубба ҷо ба ҷо карда, ба сарсари даври устухонҳо тасмаҳои чармини дар сўрохии амудҳо гузаронидаро бастанд. Баъд дар гирдогирди хиргоҳ чиғ кашида, ба рўи хиргоҳ намадҳои сиёҳ партофтанд. Дар пешгоҳи хонаи сиёҳ ширдон ва секучак сохтанд, ки ба болояш рахти кўрпаву болишт ва дар зераш табақҳои шир меистод. Хиргоҳ шакли гунбадро гирифт. Ин хонаи Муҳаммадмуроди гўсолабон буд.
Ҳаким паҳлўи каппайи Зироатро гузашта ба назди кўчаш рафт.
Сандуқро болои ду тобасанг, монда аз болояш кўрпаҳоро рахт зад ва дегу табақро паҳлўи сандуқ гузошта, аз болояш шоли рангаро партофт ва ҳангоми рафтан ба овулиён муроҷиат кард:
— Борон шавад, ягон илоҷ кунед.
— Парво накунед, ако, – аз болои эрганак (дари каппа) сар берун карда ҷавоб дод Зироат.
Зироат зани омада. Вақте ки раҳматии Устобобо – марди доро ва соҳиби эхтиром буд, аз деҳаи ҳамсоя Зироатро ба писараш арўс овард. Тўйчӣ марди хушқомати зебост. Фақат гапро хуб намешунавад ва забони ўро ба ғайр аз падару модараш касе намефаҳмад.
Зироат ҳам давраҳои аввал на ҳарфе мефаҳмид ва на фаҳмонда метавонист. Рафта-рафта одат кард ва бо имову ишора мақсади ўро мефаҳмид ва муродашро мефаҳмонд. То зинда будани Устобобо гапи дағали Зироатро касе нашунида буд. Баъдҳо ба сари Тўйчӣ даст мебардоштагӣ шуд ва ҳатто бори рўзгор ба дўшаш афтид, бозору магазинро ҳам худаш медид. Ў мисли занҳои деҳа аз мардон намегурезад. Қоматашро боло карда мегардад. Абрўвони камонӣ ва чашмони муғулиаш дилкашанд. Ў зани қофиябоз ва базлагўй аст.





