Валӣ ба саволи падараш сар ҷунбонд, баъд ба нўги пояш нигоҳ карда паҳлўи ў қадам задан гирифт. Ҳаким ҳам хомўш мерафт ва худ ба худ фикр мекард. «Ҷанг он қадар пазмон кардааст, ки баччаҳо як лаҳза дур будан нахоҳанд. Валии ман ҳам хоҳад ҳамроҳи падараш гардад. Одамон бинанд, гўяд... Фақат Валӣ не, ман ҳам мехоҳам ҳамроҳи ў гардам... Ҷанг китфи кўдаконро пахш кард, мегўянд, коркўфта кард, мегўянд. Ҳумм... Шояд, лекин далер ва зуд ба зиндагӣ сарфаҳм мерафтагӣ кардааст. Баччаҳо ҳушёр. Ба ҷои падарон кор карданро омўхтаанд...»
Харҳо ба саргаҳи Сафедхок баромаданд. Ҳаким лои сафеди мўзаҳояшро ба сабзаи канори роҳ пок карда, боз аз баландӣ ба деҳа нигарист. Деҳа сабз буд ва нисфи деҳа зери теппаҳо монда, наменамуд. Ҳама ҷо сабз ва лолахасакҳо ҷо-ҷо қолӣ густурдаанд ва ҳар ҷо-ҳар ҷо аз байни мазраи сабз мисли ситораҳо метобанд.
Ҳаким нафаси дароз кашида, гўё ҳамаи кўфти кўҳталҳоро пуф кард ва боз ба роҳ даромад. Валӣ ҳам лои чоруқҳояшро тоза карданӣ шуда рў-рўи сабзаи тар мерафт.
— Чоруқҳоят нам мекашад, бо роҳ бирав! – аз пас фарёд кард Ҳаким.
Валӣ ба роҳ даромад. Ҳаким аз паси ў хомўш мерафт. Чориф мисли занбўруғи азиме менамуд, ки касе дар саргаҳи Сафедхок шинонида бошад. Болояш ҳамвор. Аз тарафи ғарбӣ зови тираи бадвоҳима, аз сўи шимол жарфное, аз ҷониби шарқӣ Ғалчакуш ном дарае ҳаст. Ва Чориф аз байни чунин мавзеъҳо барҷаста баромадааст. Роҳи хокаи байни Чориф аз омадшуди одамон ва хару аспҳо шибба хўрда, ба шакли нова гаштааст. Вале пеши роҳро шахҳои сиёҳи силсиладори Кафтархона буридаанд ва роҳ бар-бари адир рафта, аз байни шахи Дарвоза мегузарад. Роҳи Дарвоза ба андозаест, ки хари ҳезум дакка мехўрад. Дарвозаи кўҳ аз ҳамин ҷо сар мешавад. Аз ин дарвозаи танг, ки гузаштед, гўё синаи фарохи кўҳ боз мегардад. Ва ҳар касе, ки аз ин Дарвоза гузашт, хоҳ-нохоҳ ин сурудро мехонад:
Дари Дарвоза рафтам, нолиши модар ба гўш омад,
Дилам сад пора гашту оби чашмам шаш қатор омад,
Оби чашмам рехт-рехту бар дилам занҷир шуд,
Косаҳои заҳр хўрдан аз азал тақдир шуд.
Ин шеър дили мардонн овулакӣ ва ҳезумкашонро нарм мекунад. Ҳар боре аз Дарвоза гузашта, ин сурудро мехонанд, мисли он ки як бор назди гўристонро гузашта бошанд, ҳалим мешаванд.
Вале дили Ҳаким дар ин ҷо мисли гузаргоҳи Дарвоза танг шуд.
Ҳаким хомўш мерафт. Дар сараш як мақсад ва нақшаи дурусте набуд, гоҳе рўзҳои рафтаи ҷангро ёд мекард, гоҳ ғами зиндагиро мехўрд, гоҳ симои аҷибу наҷиби Ашўраро пеши назар меовард, аммо сирри некиҳои ўро намефаҳмид.





