Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 108 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 108 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Оббое, як сол ширкат мекашонам гуфта, мўямро сафед кардӣ!
— Устухонат сафед шавад ҳам, дигар намеравам, медонӣ, ман ба он нокас нигоҳ карда наметавонам...
— Хайр, мо розӣ нашудаем-ку?!
— Дуруст, мо розӣ нашудаем... Аммо он ҷо фақат мо намеравем-ку?! О нокас-е, о нобакор-е! Маълум, ки гурги борондида...
Чӣ хел метавонанд-а?
— Ҳаким, ҷанг ба ту асар гузоштааст, асабҳоятро вайрон кардааст.
— Не, биргад. Ҷанг асабҳои маро зўр карда буд. Ҳозир вайрон шудааст. Оқибаташро намефаҳмам. Ба асабҳо нобакорон зиёда аз ҷанг таъсир мерасонанд...
— Ту, бо ин феълат, дар ҷои ман бошӣ, як ҳафта ҳам дошт намедиҳӣ. Арзиши матои бадошт зиёдтар аст, – изҳори фазл кард бригадир.
— Дуруст мегўӣ... Ба ман раҳм кун, дигар наметавонам. Ана ин хару ҷуволҳоят. Ман аз ту як хар, як ҷуволи холӣ ва як ҷувол гандум қарздор.
— Ту ҳамин хел гап мезанӣ, ки он чизҳо моли ман бошад...
Аз санглох саворае намоён шуд ва онҳо суханашонро қатъ карда, ба ў нигаристанд.
— Ҳасан нест? – пурсид бригадир.
— Ҳасан! – ҷавоб дод Ҳаким. – Биргад, хари буччааш-ку! – қадаме ба пеш монда гуфт ў.
Хари бучча йўрға карда, зуд ба назди онхо расид.
— Аз куҷо ёфтӣ, Ҳасан? – ба ҳаяҷон омада, пурсид Ҳаким.
— Аз пушти Бурсак. Писари подачӣ гуфт, ки аз тарафи дехаи Фушун гурехта омад.
— Хайрият, аз ту халос шудам, – оҳ кашид Хаким.
— Ин қадар заифнолӣ мекунӣ? Ман аз ту хар талаб кардам?!
– сахт гуфт Ҳасан.
— Дар ҷои ман бошӣ, мефаҳмӣ. Ту паҳлавони ғолиб барин гап мезанӣ, вале сари ман мисли мағлуб хам аст.
— Акнун ширкатро давом додан мумкин будагист? – ба гап даромад бригадир.
— Мумкин, лекин бе ман, – арз кард Ҳаким.
— Раис ҳамроҳ нашуда, бурдан гир.
— Ба раис худам мегўям, – гуфт Ҳаким ва баргашта ба Ҳасан хитоб кард: – Ҳасан, сабр кун! – баъд ба Сафо рў овард: – Шояд Ҳасан розӣ шавад?
— Вай розӣ шавад ҳам, ман намемонам.
— Хайр, рав! – барои аз роҳ боздоштанаш узр хостагӣ барин гуфт Ҳаким.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан