Дар нури чароғи мошин рўбоҳе пайдо шуда, пешопеш мегурехт...
— Тағо, ба вай нигоҳ накунед,– маслиҳат дод Ҳаким. Рўбоҳ дар гардишгоҳҳо гум мешуд ва боз дар нури чароғ пайдо мегашт.
— Рўбоҳ ба харакӣ вомехўрад. Милтиқ мешуд... – гуфт ў ва аз тирезаи қафо нигарист, ки мошини Нуриддин меояд ё не. Хотирҷамъ шуда, рў ба пеш гардонд: – Тағо, мегўм, вақти ширкаткашонии ман ин мошин куҷо буд, то ин қадар азоб намекашидам, пойҳоям обила намекард.
— Ҳамин мошинҳоро ба ивази обилаҳои пои шумо бароварданд, амак.
— Рост, тағо, рост, одамони нек намехоҳанд, ки ба пои касе хор халад. Ҳама чиз барои одам: замину осмон ҳам. Ҳозир гўянд, ки фалонӣ оламро дида омадааст, касе тааҷчуб намекунад...
— Осмонро гўед, амак.
— Ээ, тағое, афсўс, ки умр бақо намекунад, чӣ чизҳоро одам надида меравад. Ҳа-а-а... дарахтро мешинонданд, ки меваашро дигарон хўранд…
— Биргад, ман нагуфтам, ки ҳамин шартномаро ягон каси дигар кашонад.
— Боз чӣ шуд?
— Дирўз занҳо дар сари дарав беобрўйӣ кардаанд, – хафа шуда гуфт Ҳаким.
— Ба кори занҳо ҳамроҳ нашав, эътибор ҳам надеҳ. Аз аввал то охирро бунёд мекунанду боз дар ягон азо ё рўбинон чап-чап ҳамдигарро мучӣ карда, оштӣ мешаванд. Хуб, ки дили занҳо ба мисли дили мардон бадкина нест...
— Пураш рафту камаш монд. Имсол то охир мекашонам. Ҳар чӣ гўянд, майлашон, лекин ба ҷои Валӣ ягон кас ёбед, фардо мактабаш сар мешавад.
— Кӣ ба ту маъқул?
— Барои ман фарқ надорад.
— Ин хел намешавад. Писари Абдуқодир мешавад?
— Мардон?
— Ҳа.
— Додош барин чилдурўғ набошад?
— Не, писари хуб.
— Мешавад.
Ин дафъа чунин рост омад, ки Ҳаким хурўсбонг харҳоро бор баст. Ва аз Мурғхона гузашта буд, ки хурўсҳо бори сеюм фарёд заданд. Дупуларо паси сар карда, ба Дашти Малла баромад. Писари Абдуқодир – Мардон ба мисли Валӣ ором намерафт, дар ботинаш хурўше дошт, ҳар гоҳ ба думғозаи харе зада «ихе, ҷонвар!»
ва ё «беҳ, ҳа балота гирам» – гўён фарёд мезад. Мардуми канори роҳ ва дар боғҳо ё сари дарав хобидаро огоҳ карданӣ мешуд, ки касе аз роҳ мегузарад.





