Гандуму ҷавҳои лалмӣ қавра накунад гуфта, даставвал ба Лалму Чорифу Себак дос андохтанд ва шартномаро ғаллаи лалмӣ нисф кард. Деҳқонон хурсанд, ки нисфи зиёди ғаллаи обӣ ба музди меҳнати онҳо мерасад ва пас аз ҷанг аввалин бор нони серӣ мехўранд.
Вале пас аз чанд рўз дар сари дарав раис маҷлисча гузаронд.
— Дўстони азизи ман, ёди ҷанг ба ин наздикиҳо хотирҳоро ҷамъ намекунад. Касе, ки майдони ҷангро дидааст, гумон мекунад, ки ҳоло ҳам он майдонҳо дуд мебароранд, ҳоло ҳам танкҳо месўзанд, ҳоло ҳам биноҳо вайронанд. Мо бояд зиёда аз план, зиёда аз шартнома, ба давлат ғалла супорем, фикри шумоён чӣ?
— Чизи гумшударо ёфтан мумкин, – ба гап даромад бригадир,
– хонаҳои вайронро обод кардан мумкин, вале сарҳои рафта, дастҳои бурида ва пойҳои арракардаро баргардонидан мумкин нест.
Мо ин фикрро тарафдорӣ мекунем, ҳар кас ҳам бояд ин фикрро тарафдорӣ кунад. Ҳар соҳибдил, ҳар...
— Агар Ҳаким ҷувол-ҷувол гандумро гум намекард, бештар ёрӣ мешуд, – овози зани Ҳасан баромад.
Бригадир ба сўи овоз нигарист, зани Ҳаким ҳам ба соҳиби овоз нигарист, вале чизе нагуфт.
Насими дарёобод сарҳои гандумро сила карда гузашт, баъд хўшаҳо ба синонбозӣ даромаданд. Рўи дарёободро ғуборе гирифт ва шамоли боди рўд онро зуд парешон кард.
Дар зиндагӣ ҳама ба як савол якбора «ҳа» ва ё «не» гуфта наметавонанд. Дар ин маҷлис ҳам. Фақат луқмаи зани Ҳасан занони сари по ва мардони чорзону нишастаро ба ҷунбиш овард....
— Мамлакат обод бошад, шиками мо сер, – оҳиста гўё худ ба худ гуфт Бону.
Раис аз нигоҳи мардум маъниҳо дарёфта, аспро савор шуда рафт.
Ҳама хомўш буданд. Хиш-хиши пояҳои гандум, ба санг бархўрдани досҳо даравгаронро ба хомўшӣ одат кунонидааст. Зиллаҳо аз хўшаҳои пеши досҳо парида дуртар мерафтанд ва мисли «зузу»-и баччагони деҳ мусобиқаи «нафас» карда «ҷииз, ҷииз»
садо мебароварданд.
Сурфаи Сайрам – зани Ҳасан хомўширо пахш кард, вале аз овози зиллаҳо зўрӣ карда натавонист. Боз хомўш шуд. Ба касе чизе мегуфтагӣ барин, гулў равшан кард. Баъд ба зани дар паҳлўяш буда чизе гуфта, шунид ва бо овози баланд «ба вай фарқ надорад, хонааш пури гандум» гуфт. Мусоҳибаш ба Бону нигарист. Бону аз паси дастаи гандум нигоҳи ўро дид ва қоматашро рост кард.
Қабзаашро ба болои дастаҳо гузошт, худро ба нодонӣ зада аз нав қабза гирифт.
— Дар хонаи ман ҳам як ҷувол гандум мешуд, гандуми саҳроро баред мегуфтам, – баландтар овоз баровард Сайрам, — Ту чӣ ин қадар худ ба худ бў гирифта истодаӣ?





