— Ягон роҳгузар сўи Фушун намерафт-ку? – оқибат ба гап ҳамроҳ шуд амаки Равшан.
— Надидаам, – ҷавоб дод Ҳаким.
— Хайр, зуд бор кунед, дер шуд, – хоҳиш кард Сафо. Валӣ харҳоро гардонда овард. Ҳакиму Амонулло даст дода, ҷуволро бардоштанд. Ҳасану Валӣ ҳам. Бригадир бо як даст ҷуволи ба рўи дастҳои онҳо хобидаро тела дода, ба пушти харе гардонд. Амаки Равшан ба Ҳакиму Амонулло ёрӣ медод. Онҳо се бор ба ҳам даст доданд. Ҷуволҳоро бор карда, ресмон кашиданд ва харҳоро сўи деҳа нишеб карданд
— Ту ғами хари маро нахўр, Ҳаким, ба вай колхоз кафил аст...
Гум шавад, пулашро медиҳад, – вақти рафтан ба бригадир расонда гуфт Ҳасан.
— Ту хари худатро фикр мекунӣ, лекин хуни деҳқонон – ҷуволи гандумро фикр намекунӣ. Ҳатто он ҷувол ҳам касона, баробари хари ту меҳнат мекунад. Вай ҳам аз колхоз ҳақ мехоҳад. – Каме тез шуд бригадир.
— Фикр мекунам, ҳамаашро медонам, агар намефаҳмидам, харро ба ту дода, ба пуштам ҳезум намекашондам. Ба кори колхоз рафта, пиёда намеомадам.
— Харро ба ман надодаӣ, ман колхоз не. Гапро кам кун. Ман гумон кардам ба ёрӣ омадӣ,– хурўши ўро паст карданӣ шуд бригадир.
— Гумонат дуруст. Ман барои даъво наомадаам. Беному нишон равад ҳам, даъво намекунам. Ту биргад бошӣ, оҳиста гап зан, забони ширин морро аз хонааш баровардааст!
— Хайр, ман ба ту чӣ гуфтам, Ҳасан?
— Ба ёрӣ наомада, ба чӣ омадам? Ҳошокалло, «харамро ёфта деҳ» гуфтам? Барои як хари ҳаром бо ту муштбагиребон шавам?
— Не, Ҳасан, ман туро медонам... зўри худамро ҳам медонам ва медонам, ки дастам ба гиребони касе намерасад.
— Биргад, хайр, ман даъвои хар накардам, лекин гандуму ҷувол чӣ мешавад?
— Ҷуволи ало бисёр, Ҳасан, гандум ҳам кам не... Лекин...
— Ана ҳамин «лекин» ганда,– гуфт Ҳасан.
— Инро мо медонему худо, овоза накунед, касе намефаҳмад,
– гуфт амаки Равшан.
— Юнуси шаббон аллакай ба сад кас нагуфту?
Ҳасан ва Ҳакиму писараш харҳоро пеш-пеш карданд. Бригадир ҳам аспро савор шуда, ин даъфа бо Сурххок не, балки ҳамроҳи онҳо рафт. Хомўш мерафтанд Аз Сафедхоки Хурдӣ аён буд, ки ягон-ягон шуои чароғҳои деҳот аз байни баргҳо метобанд ва қадам ба қадам паси баргҳо нопадид мешаванд. Вале моҳтоб баландтар мебаромад ва пеш меомад, то деҳаро равшан гардонад. Чор-панҷ километр дуртар аз деҳа шохобчаҳои Зарафшон нуқрафом метофт ва гўё моҳи мунир ва ситораҳои бешумор ҳама ба тамошои ранги зебои дарё баромада буданд ва ё роҳи харкоронро равшан мекарданд ё худ хару ҷуволи гандуми гумшударо мекофтанд.





