Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Инаш кам буд, ки бародаронашро ба муқобили шавҳар хезонд ва қариб буд, ки хуни ў бирезанд. Ҳамаи ин барои ў панд нашуд ва боз хуни мўйсафеди ҳафтоду ҳаштсоларо бо дасти дигар кас рехт ва ниҳоят дар хуни қотили аслӣ низ зомин шуд. Дар бораи зиноҳои кардааш ҷойи баҳс ҳам набуд ва боз модар талаб дорад, ки ў намоз гузорад. Охир ў аз куҷо медонад, ки духтараш, ҳамин духтари мушти параш, то оринҷ дар гуноҳ ғарқ аст. Дигар ўро на таҳорати зоҳир пок мекунаду на таҳорати ботин.
– Илоҳо, дини мубини исломро мустаҳкам гардон, фарзандони моро намозхону китобхон гардон, ҳар киро муродест, мақсудест, талабест, ҳоҷатест аз даргоҳат баровардаи хайр гардон. Омин олоҳу акбар! - гўён модар дар фарҷоми намоз фотеҳа хонда, даст ба рўй кашид ва Обида низ ба модар пайравӣ карда, зери лаб оҳиста омин гуфту даст ба рўйи кашида боз худро ба хоб зад.
Танҳо баъди як қади найза баромадани офтоб ў бистарро тарк карда, баъди тановули “субҳгоҳӣ” ҳамроҳи модар писарчаашро гирифта, аз хонаи падар баромад.
Соатҳои 10.30 дақиқа ў нияти пой бар остонаи хонааш гузоштан дошт, ҳамон милисаи шиносаш, ки бо ҳам дари хонаи Раъноро шикаста буданд, ўро боздошт…
Баъди тартиб додани протоколи боздошти муваққатӣ ва кофтукови шахсӣ Назир Назар ба ИВС1 фиристода шуд.
Тафтишотро лозим буд, ки акнун дар давоми се шабонарўз гуноҳи ў дайн сохта, ба вай дар содир намудани ҷиноят айб эълон намоянд. Дар акси ҳол боздоштани ў дар ҳабс ғайриимкон буд. Чун Назир Назарро ду милиса ба зери васигии хеш гирифта, аз дар бароварданд, муҳити дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ қабои хомўшӣ ба бар кард.
Бобо Самад тамоку даргиронд ва дар зери фаввораи дуди тамоку ба андеша рафт. Абдумаҷидов, ки тамоку намекашид, назди тиреза рафта, чашм ба берун дӯхт. Шояд бо ҳамин васила ў худро аз фаввораи дуди тамокуи муфаттиш эмин
1 ИВС – хонаи боздошти муваққатӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор