Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ниҳоят чўпон Рахшро дар мавзеи дурустаре, ки пойи рама то ҳанўз ба он нарасида буд, тавила намуда, худ ба тарафи муқобили дара гузашта, ба тарафи ёл, ба он ҷое, ки Урман сари хешро болои дастонаш гузошта дароз кашида буд, ҳаракат кард. Умуман, аз рўзи аввали ба рама омаданаш Самандар Урманро дўст дошт. Саг ҳам дар як нигоҳ кию чӣ будани чўпонро фаҳмида, ба ў унс гирифт. Урман саги сиёҳи зебое буд, ки дасту пойҳояш аз зону поён якҷоя бо таги шикамашу думи дарозаш сафед буда, дар болои чашмонаш боз ду холи сафед дошт, ки сарчӯпон баъзан ўро чорчашма ҳам мегуфт. Самандар то кунун сагеро чунин зебо надида буд.
Бо ҳамин зебогию паҳлвонҷуссагӣ Урман ҳар як ишораи соҳибонашро иҷро мекард ва хомўш сарашро болои дастонаш гузошта меистод. Агар Самандар имкон медошт, Урманро ҳангоми аккосзаниаш ба навор мегирифт. Овози Урман ниҳоят ғафс буд, ки шабона ба гўши шунаванда даҳшат зер мекард. Боре сагҷаллобон овозаи ўро шунида, аз шаҳр барои хариданаш омаданд, вале Шодии Лоиқ онро ҳатто бо маблағи калон ҳам нафурўхт.
Самандари Раҳим аз болои ёл ба самти Гулобод нигарист. То Гулобод масофаи кам ҳам набуд ва ба ҷуз қаторкўҳҳои атрофи Гулобод, ки аз ёддошти Самандар болояшон барфпўш буд, ӯ дигар чизеро надид. Маҳз ҳамон қуллаҳои барфпўш чун пири хирад роҳнамои мардуми ин диёр буданд. Дигар дар ягон гўшаи Тоҷикистон ба гумон буд дар тобистон,чунин қуллаҳои барфпўшро дидан. Умуман, Гулобод ин захираи оби кишвар буд, вале мардумаш чанд сол боз дар фасли зимистон бе барқ шабҳои торро рўз мекарданд.
Урман Самандарро дида, думликон наздаш наомад. Саг ҳам бошад, мақому манзалати хеш медонист ва хушомадгўиро хуш надошт. Худи Самандар ҳам хушомадгўёнро чашми дидан надошт. Ў ҳайрон буд, ки чаро саг ҳамин чизи одиро мефаҳмаду одам не? Хушомадгўиву палидиҳои баъзеҳоро дида, Самандар гоҳо андеша мекунад, ки чӣ тавр замин чунин фардҳоро бардоштааст…
Нохост Самандар даст ба ҷайбаш бурду вуҷудаш ларзид.
Аз ҳамон коғази овардаи Шодии Лоиқ гӯё дасташ сўхт.
Дасташ не, тамоми вуҷудаш оташ гирифт. Дигар он ҳамаи зебоии табиатро бо набототу ҳайвоноташ ба гўшаи фаромўшӣ дода, сари ҳамон коғази дар ҷайбаш буда ба андеша рафт…

пешина
аз 513
навбатӣ