Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ў пеш аз ҳама Файзуллоеву Хоркашевро, ки дар зиндонӣ гаштани худ Солеҳ Ҷалилро гунаҳкор медонистанд, пеши назар овард. Чаро мард чун кори неке ба анҷом диҳад, аз худ бинаду бад кунад аз мардум? Охир Солеҳ онҳоро пеш - пеши автомат барои содир кардани ҷиноят набурдааст - ку. Одамро аз тамоми махлуқоти олам бо ақл шинохтаанд, пас ин ду нафаре, ки имрўз ҳарф аз бегуноҳии хеш заданд, дар ҳамон вақт ақлашонро хурда буданд?
Ҳар он чӣ ки Сабоҳати Маҳмад гуфт, мутлақо ба ақл рост намеомад, вале дигар ҷойи баҳси мову ман набуд. Пиразани ҳамсоя ҳақиқати ҳолро гуфт. Чун гунаҳкори асосӣ ҳоло манзили хомўшонро ихтиёр карда буд, дигар кӣ ҳам метавонист аз болои волидайни духтар шикоят бинамояд.
Дили чун ғунча нозуки духтар, ки имрўз гули шикастаро мемонд, моломоли дард буд, вале ба гумон буд аз болои волидайнаш ба ҷое арз бикунад.
Капитани милиса дар он ақида буд, ки ба хотири тифли дар батни Сабоҳат буда, месазад ӯро ба ҳолаш гузошт, то вайро азоби руҳӣ ба гузоштани қадами ноҷое маҷбур накунад…
Ў боз суҳбати худро бо Файзуллоев ба ёд овард. Ҳар он чӣ ки Қамар Вайсович гуфт, то ҷое дуруст аст. Мошини «Волво» чор сол пеш моли шахсии Хоҷаева Лайлӣ Анваровна будаст, ки ду сол пеш онро фурўхтаст. Пас кӣ ва чӣ кора аст Лайлӣ Анваровна? Ӯ намедонад. Худи фардо аз пайи муайян намудани шахсияти вай мешавад. Афсўс ки дар телевизион расми Солеҳ Ҷалилро нишон надоданд ва хоҳиш накарданд:
шахсоне, ки дар бораи ў маълумоте доранд, ба милисаи маҳали зисташон ё бо телефони 02 муроҷиат намоянд.
Ба ҳар ҳол ў бо худ расми ду - се сол пеш гирифтаи мақтулро овардааст ва онро ба ҳаққу ҳамсояҳои Лайлӣ нишон хоҳад дод. Агар ҳамроҳи вай духтарро ягон кас дида бошад, кор ранги дигар хоҳад гирифт.
Ҷойи ҳамаи шахсони дар наворбударо симои ҳамин муфаттише гирифт, ки ба суханони айбдоршаванда Файзуллоев гўш надода, нишондоди ўро сарфи назар кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ