Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чӣ фарқ дорад, ки ман бо шумо суҳбат мекунам ё бо муфаттиш. Гург ҳамааш бур ва боз шумо маро чу дӯстонам ном бурдед.
-То андозае ҳақ ба ҷониби шумост, вале шуморо аз пурсиши расмӣ ҳам роҳи гурез нест.
-Пурсиши расмӣ гуфта боз чиро дар назар доред?
-Гуфтаниам, ки аз рӯйи мақоми хеш хоху нохоҳ бо муфаттиш рӯ ба рӯ мешавед.
-Чӣ шумо аз ман гумонбаред?
-Магар ман чунин гуфтам?
-Нагуфтед, вале бандаро сиёҳ дида, гов хаёл накунед.
Ман омадам ва дарро бо калид кушодам ва ин амалам бори аввал ҳам нест, чунки зиндагӣ маро маҷбур намуда, ки баҳри пеш бурдани рӯзгори хеш ва ба ҷӯз дар он катакчаи шишагин нишастан боз хонаву дари чунин ашрофзодаҳоеро чун Мижгони Файз рӯбучин намоям. Гумон накунед, ки ман аз рӯзгори хуш ба ин кор даст задам.
-Шуморо мефаҳмам, вале шумо ҳам маро бояд фаҳмед.
Тасаввур намоед, ки ҳодиса ҳодисаи одӣ нест, нафаре ҷони хеш аз даст додааст ва агар ҳодиса тасодуфан рух додаву характери қасдона надошта бошад, бандаро дар ин макон чизе нигоҳ дошта наметавонад, дар акси ҳол мо маҷбурем, ки қилро аз хамир ҷудо намоем. Акнун мегуфтед, ки чӣ тавр вориди ин манзили шудед ва соҳибхонаро дар кадом ҳолат дарёфтед?
Соати 1255 дақиқа ман барои рӯбучини хонаи Мижгони Файз омадам ва чун ҳамешагӣ дарро бо калид кушода, вориди хона шудам ва ҳатто ба гӯшаи хаёл наовардам, ки соҳибхона ба кор нарафтааст ва худро каме озодтар ҳис намуда, корро аз рӯбучини ҳамин ҳуҷра, ки ҷои хоби соҳибхона аст, оғоз намуда, чанд рубоиеро низ бо овози паст замзама намудам. Сипас ба меҳмонхона гузаштам ва соҳибхонаро болои фарш ғарқи хун дида, дод гуфта, ба берун давидам ва занги дари рӯ ба рӯро зер намудам...
-Мегуфтед, ки соҳибхонаро чӣ ному насабест, вай чанд сол дошт, шавҳараш кист, фарзанд дорад ё не, дар куҷо кору фаъолият дорад?

пешина
аз 527
навбатӣ