Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ҳа, чӣ хеле ки шумо супориш дода будед.
- Баъди он ҳодиса вай лаънатиро дидед?
- Не.
- Вайро боз каме афшонидан лозим!
- Чӣ хел?
- Сабти овози вай дар дастат ҳаст?
- Ҳа, ман онро дар асоси амри шумо пинҳон намудам.
- Телефони шуморо бошад, ман дирўз барои таъмир ба усто дода будам, акнун он дар дасти ман аст.
- Телефони шумо бошад, дар архиви ман маҳфуз аст, - хандида гуфт нафаре, ки бо Дороб Қамар дар алоқа буд.
- Ҳа, акнун он сабт сабти таърихист.
- Мефаҳмам.
- Барои ҳамин аз телефон - автомати кӯча бо ӯ дар тамос шуда, ба вохўрӣ таклифаш намоед ва гўед, ки бе фикри он пулҳои гумшуда набошад.
- Рафту эътироз намояд чӣ?
- Ба вай фаҳмон: он пул барои он лозим аст, ки нафари дар хизматаш буда, аз кишвар баромада равад, дар акси ҳол...
- Дар акси ҳол чӣ?
- Ҳаминашро гўй басанда аст, вай худаш мефаҳмад...
- Ҳамааш ҳамин?
- Ҳамин. Ҳа, дарвоқеъ, ба вай фаҳмон, ки як маротиба бо банда низ алоқа барқарор намояд. Аз кадом телефон вай худаш мефаҳмад.
- Чун артист (Ҳусейн Акбар дар назар аст) биёяд ба вай чӣ гўям?
- Гўй, ки ба умеди мўйсари сунъӣ ва мўйлаб нашаваду худро эҳтиёт намояд.
- Агар зарурияте пайдо шуд, ман метавонам занг занам?
- Албатта.
- Дар амони Худо бошед.
- Худо ҳофиз, - гўён Дороб Қамар ба алоқа нуқта гузошт ва тағйири либос намуда, ба ошхона рафт...
Баъди ним соат гуфтугўи телефонии абоненти рақами 918-26-54... бо абоненти рақами 95-162-38... болои мизи кории Ҳамид Ҷовид гузошта шуд. Матни гуфтугўро бо талаби хаттии сарвари ШКД - и ноҳияи Сарчашма полковники милиса Ҳамид Ҷовид кормандони Раёсати ҳафтуми ВКД ҶТ ба даст оварда, бо ҳамин ба қавле хизмати хешро дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ба сомон расонданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор