Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад ва то замоне, ки мо ба кору бори ҷавонзан баҳои ҳақиқӣ надиҳем, то ба қотил расиданамон ба гумон аст.
-На ҳар кас сари назарияҳои пешниҳоднамудааш чунин истодагарӣ карда метавонад, вале то ҷое ки аз суҳбати пардапӯшонаатон огоҳӣ ёфтам, тайи ин чанд соат аз пайи кор рафтаатон ягон гиреҳе ба даст наовардед.
-Ҳамааш ҳамин хел.
-Сабаби ҳамаи ин бебарориҳоро дар чӣ мебинед?
-Бе омӯзиш ва таҳлили рӯзгори Мижгони Файз ба ин савол посух гуфтан ғайри имкон аст.
-Магар дар ин самт касе садди роҳи шумо шудааст?
-Не.
-Дарвоқеъ, ба ҷойи ҳодиса рафтед, вале нагуфтед, ки шогирдатон он ҷо буд ё не, ба ҳар ҳол ман ӯро низ ҷустуҷӯ кардам, вале бе натиҷа.
-Чун ман ба он маҳал расидам, онҳо аз он ҷо рафта буданд.
-Яъне, онҳоро надидед?
-Надидам, вале аз рӯйи итиллои гирифтаам онҳо далелҳои шайъиро пайдо намуданд.
-Пас канӣ он далелҳо?
-Намедонам, чунки ман худам ҳам то кунун Ҷомии Шарифро надидаам.
-Пас ӯ дар куҷост?
-Намедонам.
-Ӯро ёбед ва ҳардуятон ба назди ман. Фаҳмо?
-Фаҳмо! - гуён ман дафтари кории сардори милисаро тарк намудам.
Аз навбатдор дар бораи Ҷомии Шариф пурсон шудам ва чун посух гирифтам ки ӯ аз сари субҳ вориди бинои милиса нашудааст ба ошёнаи дуюм баромада, вориди дафтари корӣ шуда, ҳамоно тариқи телефони идоравӣ ба шогирд дар тамос шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё