Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ташаккур, Роман Николаевич, оё намедонед, ки Света дар куҷост?
-Вай рафт.
-Ба куҷо?
-Ман аниқашро намедонам, биё беҳтараш ба хона даро, худи ҳамин лаҳзаҳо Алёна ҳам аз кор бармегардад, шояд ӯ дар ин бора маълумоти бештаре дорад.
-Дар кадом бора?

  • Дар бораи ба куҷо рафтани Светлана Андреевна.
    -Шояд ӯ калидро монда бошад?
    -Намедонам, биё беҳтараш ба хона даро, Алёна биёяд, ҳамааш ҳал мешавад.
    Карими Кабир дилу бедилон ба хонаи ҳамсоя даромад.
    Роман Николаевич ӯро рост ба меҳмонхона даровард ва аз ҷевон шишаи май ва газак гирифта, болои миз монд ва ҳарду барои аз сафари тӯлонӣ баргаштани Карими Кабир қадаҳҳоро лабрез намуда бардоштанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки он чиро ки одами ҳушёр дар дилаш маҳфуз медорад, одами мастро дар нӯги забонаш давр мезанад ва баъди бардоштани қадаҳи сеюм ҳамсоя асрори то кунун пинҳон намудаашро кушода гуфт:
  • Карим, Света аз қафои дигар кас рафт ва, ба фикрам, ҳаминаш беҳтар шуд, - гуён Самойлов боз қадаҳҳоро пур кард.
    -Чӣ хел аз қафои дигар кас рафт? Чӣ беҳтар шуд?
    -Биё аввал қадаҳҳоро бардорем.
    Карим фаҳмид, ки барои Роман Николаевич ба забон овардани он асрори ниҳон, ки эҳтимол боиси озурдахотирии вай гардад, осон нест ва аз сухани ҳамсоя шикастан гардани шайтон шикаст...
    Танҳо баъди бароштани он қадаҳ Самойлов гуфт, ки Светлана Андреевна баҳри шавҳар номае гузоштааст. Сипас ӯ меҳмонро лаҳзае танҳо гузошта, ба хонаи шафат гузашт ва аз он ҷо ду номаеро оварда, ба дасти мичман дод. Аз рӯйи муҳри яке аз номаҳо фаҳмид, ки он аз зодгоҳи азизаш омада ва Карим аввалан ҳамон номаро кӯшод...
пешина
аз 441
навбатӣ