Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ аз тангкӯча ба самти роҳи калон ҳаракат намуд, ки рӯ ба рӯяш мӯйсафеде баромад. Сорбони Ҳомид, ки дар либоси ғайринизомӣ буд, ба мӯйсафед салом дода гузашт, вале ҳамоно чизе ба ёдаш омаду гулӯ рӯшан намуда, мӯйсафедро баҳри тағофул намудан ҳидоят кард. Чун он пири рӯзгордида бозистод, Сорбони Ҳомид худро муаррифӣ намуда, оид ба ҳодисаи дар тангкӯчаи мазкур рӯхдода пурсон шуд.
-Овозаи ҳодисаи нохуш тезтар паҳн мешавад. Сари субҳ хабар ёфтам. Худораҳматии Исроил Фотеҳ марди хуб буд.
Ман аз он кас қариб даҳ сол калон. Дар ҳамин ноҳия солиёни зиёде милиса шуда кор кард. Ба фикрам, пашшаро озор надода буд. Чанд сол боз дар нафақа буд. Намедонам кадом нокас...
-Ӯро дар байни соатҳои бисту як-бисту ду корд заданд.
-Шабона ҳам гаштан хавфнок, бачам. Дишаб бо набераам Парвиз хеле ҷанҷол кардам. Хонандаи мактаби миёна то нисфи шаб дар кӯча ялок – ялоқ мегардад. Падараш дар Русия.
Бачаи ин замона на фикри атрофиёнашро мекунад ва на фикри худашро. Ҳоло аз мактаб омадам.
-Чӣ ягон ҳодиса рух дод?
-Агар ҳамин хел шабгардӣ кунад, ҳар хел ҳодиса шуданаш мумкин.
-Дишаб барои дер омаданаш ӯро танбеҳ додам. Гуфт бо як маллоҳ суҳбат доштам. Ана гапу мана гап. Гуфтам, кӣ дар диёри мо қӯшунҳои ҳарбӣ-баҳрӣ нест, пас маллоҳ аз куҷо?
Ҳамин бачаи сенздаҳсола ду пойро дар як мӯза андохтанӣ шуда собит намудан хост, ки бо маллоҳ суҳбат намудааст.
Бача, ки аз ҳозир дурӯғгӯиро машқ кард, пас ояндааш чӣ мешавад? - оҳ кашида гуфт мӯйсафед.
-Ҳоло Парвиз дар куҷост?
-Дар мактаб.
Сорбони Ҳомид бо мӯйсафед худоҳофизӣ намуда, ба тарафи роҳи калон рафт.

пешина
аз 441
навбатӣ